Шогирдони мадорис аз Тоҷикистон ба суфуфи “ДИ” мепайванданд

© AP Photo/Raqqa Media Office, FileҶангҷӯёни ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ
Ҷангҷӯёни ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раиси кумитаи дини Тоҷикистон муътақид аст, ки суфуфи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” аз ҳисоби донишҷӯён, аз ҷумла шогирдони тоҷики мадориси мазҳабии хориҷӣ таҳия мешаванд.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бархе аз донишҷӯён, ки дар донишгоҳҳои ғайриқонунии мазҳабӣ дар хориҷи кишвар таҳсил карда ва ба Тоҷикистон баргаштаанд, ба суфуфи ДИ пайвастаанд, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба раиси кумитаи умури дин Сулаймон Давлатзода.

Ба гуфтаи Давлатзода, дар мадориси хориҷӣ 3 ҳазору 360 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил карда ба ватан 3 ҳазору 8 нафар баргаштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот бо зиёиёни Тоҷикистон. 19 марти соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Даъвати Раҳмон аз ҷаҳониён барои мубориза алайҳи нашъа ва тундгаройӣ

"Мутаассифона, 64 нафар аз онҳо барои иртикоби ҷароими мухталиф мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд. 29 нафар дар зиндонҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ ба сар мебаранд, шаш нафар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, ҳамин миқдор бо пуштибонӣ аз террористон дар Сурия меҷанганд. Ба иттилоъи мо як нафар аз онҳо кушта шудааст", — хабар дод вай.

Зимни шарҳи савол дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои мазҳабӣ аз сӯйи мақомот Давлатзода зикр кард, ки давлат қабл аз ҳама вобаста ба вазъ бояд дар бораи амнияти шаҳрвандони худ андеша кунад ва маҳдудиятҳои мушобеҳ дар кишварҳои арабӣ низ истифода мешаванд.

Тибқи иттилоъи расмӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон дар даргириҳои мухталиф беш аз 400 табааи тоҷик ширкат мекунанд ва беш аз 100 нафари онҳо кушта шудаанд.

© Инфографика"Давлати исломӣ"
Давлати исломӣ - Sputnik Тоҷикистон
"Давлати исломӣ"
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала