Хусусигардонии ғайриқонуниро дар Ашт $100 ҳазор нарх гузоштанд

© Flickr / Tar Sands BlockadeЗавлона
Завлона - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯянд, ҳангоми тафтиши ин қазия се масъули ҳукумати ноҳияи Аштро боздошт кардаанд, ки онҳо низ барои "осон кардан"-и кори шаҳрванд аз вай пул талаб намудаанд.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Оҷонсии зидди фасоди молӣ аз боздошти Абдуазиз Ғаффоров, як мутахассиси идораи кишоварзии вилояти Суғд хабар дод, ки барои мусоидат ба хусусӣ кардани як клуб дар ноҳияи Ашт сад ҳазор доллар талаб намудааст, менависад Радиои Озодӣ.

Доллар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маъмури пулиси тоҷик ба иттиҳоми гирифтани ришва боздошт шуд

Ба гуфти боздоштшуда, ин пулро моҳи майи соли ҷорӣ "барои мусоидат ба хусусӣ кардани клуби ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ашт" гирифтааст ва ин маболиғ барои дарёфти ризояти раиси ноҳияи Ашт, раиси ҷамоати Ифтихор ва раиси хоҷагии деҳқонии "Иттифоқ" дар ҳамин ноҳия сарф хоҳанд шуд.

Ҳоло нисбат ба ин мутахассиси идораи кишоварзии вилояти Суғд бар асоси моддаи 319, қисми 4, банди "г"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Мақомоти Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯянд, ҳангоми тафтиши ин қазия ду масъули идораи амвол ва андози ноҳияи Аштро боздошт кардаанд, ки ҳардуи онҳо низ барои "осон кардан"-и кори шаҳрванд У. аз вай пул талаб намудаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, Сангинбой Дадоматов, масъули идораи амволи ноҳияи Ашт барои ҳалли масъалаи клуби ҷамоати Ифтихор аз ӯ дар чор ҳолат ҳудуди 4000 доллар гирифтааст. Баъдан, ба қавли масъулони Оҷонсӣ, Сангинбой Дадоматов ва Алишер Қурбонов — масъули нозироти андози ноҳияи Ашт барои хусусӣ кардани як ошхона дар ҷамоати Шодобаи ин ноҳия аз У. 80 ҳазор сомонии дигар талаб кардаанд.

Дар муаррифии пажӯҳиши ахири Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта гуфта шуд, ки дар панҷ соли ахир маблағи миёнаи ришва дар ҷумҳурӣ аз 600 то 1800 сомонӣ боло рафтааст. Аз ин пеш Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар як пажӯҳиш маблағи миёнаи пораро  дар Тоҷикистон 1000 сомонӣ ё 200 доллар ҳисоб карда буд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала