Дар Ӯзбекистон нахустин филми комили аниматсионӣ таҳия мекунанд

© Sputnik / Шоира ЮсуповаТаҳияи кадрҳо (навору аксу расм)
Таҳияи кадрҳо (навору аксу расм) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунармандони филми тасвирии Ӯзбекистон ба иқдоми бесобиқа рӯй оварданд: таҳияи филми аниматсионии комил бар пояи чанд афсонаи халқӣ.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ширкати филмсозии "Ӯзбекфилм" машғули таҳияи филми комили тасвириест, ки нахустнамоиши он дар остонаи 50-мин солгарди бахши филмсозии наққошӣ дар ин кишвар баргузор мешавад, хабар медиҳад Uzbekistan Today.

Гузориш шудаст, ки қаблан филмсозони ӯзбек танҳо филмҳое таҳия мекарданд, ки аз даҳ дақиқа бештар набуд.

"Феълан мо машғули таҳияи филми наққошии комил ҳастем. Ин кор хеле душвор аст, вале мо талош дорем мавонеъи пайдошударо рафъ созем. Тамаркузи таваҷҷӯҳи кӯдак чандони кори содда нест", — гуфт раҳбари бадеъии студия Мавзур Маҳмудов.

Филм дар бораи хубиву бадӣ қисса мекунад. Тибқи матни филм, ки онро Исмоил Шомуратов таҳия кардааст, ба Зани Ҷоҳил барои тамдиди якумрии худ ашкҳои зебосанаме зарур аст ва бад ин манзур духтари сарватмандеро медуздад. Ба нафаре, ки ӯро аз ин зулмат озод мекунад, падари зебосанам подоши бузурге ва ҳатто издивоҷи духтарашро ваъда медиҳад.

Аҳад ва Пӯлод талош мекунанд, ки духтарро озод кунанд, вале ин амр ба Нахӯт-полвон, ки аз тухми кӯчаке пайдо шудааст, муяссар мешавад. Филм "Нахӯт-полвон" ва ё "Ашкҳои сеҳрнок" ном мегирад.

Нахустин филми наққошии ӯзбек — "Дар минтақаи 6х6" соли 1966 таҳия шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0