Мақомоти Афғонистон бо толибон даври ҷадиди музокирот баргузор карданд

© AP / Massoud HossainiАфғонистон. Акс аз бойгонӣ
Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳайъати ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши тундрави “Толибон” бо миёнҷигарии сиёсатмадорони Покистон барои дастрасӣ ба сулҳ талош мекунанд, вале то ҳол инталошҳо натоиҷи чашмрасе дар пай надошт.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳукумати Афғонистон ва "Толибон" дар Исломобод музокирот карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Синхуа.

"Покистон ба унвони ҷузъе аз муваззафоташ барои дастрасӣ ба сулҳ дар Афғонистон мизбони музокироти ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши "Толибон" шудааст", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони намояндаи ВКХ Покистон.

Пограничный пункт. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чаҳор сарбози тоҷик аз асорати Толибон бо ёрии амири Қатар раҳо шуданд

Ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки ба ин раванд "бо итминон ва самимияти комил ҳозир мешаванд", то ба сулҳи дарозмуддат дар минтақа даст ёбанд.

"Барои Покистон ва Афғонистон сулҳу суббот зарур аст ва ҳар ду ҷониб ин нуктаро дарк мекунанд. Интизориҳои Покистон зиёд аст ва ба ин далел мо ба раванди музокирот мусоъидат мекунем", — гуфт муъовини вазири корҳои хориҷии Покистон Халил Ҳикмат Карзаи.

Ба иттилоъи расонаҳо музокирот баъд аз анҷоми моҳи Рамазон идома меёбанд.

Музокироти моҳи май дар Қатар натоиҷи чашмрасе ба дунбол надоштанд.

Лентаи хабарҳо
0