Ҳабси абади “Ҳоҷӣ Самандар” ва зердасташ барои қатли Каримовҳо

© Sputnik Амир ИсаевДодгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бародарон Каримовҳо аз ҳоҷӣ Самандар 100 кг ҳероинро бо арзиши 4 ҳазор долларӣ барои ҳар кг мегиранд, аммо маблағро бар намегардонанд. Ба тасдиқи Ҳочӣ Самандар, манбаи муноқиша ва қатл барои баргардонидани маблағи ҳероин будааст.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдулазиз Усмонов, маъруф бо номи "Ҳоҷӣ Самандар" ва зердасташ Саидмурод Мадалиевро барои қатли бародарон-Раҷабалӣ ва Фарҳод Каримовҳо ба ҳабси абад маҳкум кард, менависад хабаргузории "Озодагон".

Додгоҳи олии ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи олӣ муҳокимаи қотилони бародарон Каримовҳоро оғоз кард

Тибқи қарори додгоҳ зердасти дигари "Ҳоҷӣ Самандар"- Ҷамшед Раҷабов ба муҳлати 25 сол равонаи зиндон гардидааст.

Моҳи ноябри соли гузашта Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як гузориши видеоӣ аз боздошти "Ҳоҷӣ Самандар" ва ду зердасташ иттилоъ дода гуфт, онҳо дар куштори бародарон-Раҷабалӣ ва Фарҳод Каримовҳо муттаҳам мешаванд.

Он замон ин ниҳод иттилоъ дода буд, ки ташкилкунандаи ин ҷиноят "Ҳоҷӣ Самандар" — як сокини ноҳияи Ҳисор аст. Худи ҳоҷӣ Самандари 53-сола дар шарҳи омилҳои даст задан ба ин ҷиноят гуфт, Каримовҳо аз ӯ қарздор будаанд. Ба гуфтаи ӯ Каримовҳо аз ӯ беш сад кило героинро бо нархи 4 ҳазор доллар сари ҳар кило гирифта, маблағашонро надодаанд.

Вазъ дар шаҳри Ӯш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти гумонбарон дар қатли бародарон Каримовҳо

Ҳоҷӣ Самандар, гуфта буд баъде, ки бародарон аз баргардонидани маблағ сарпечӣ мекунанд, амр ба қатли онҳо менамояд.

Ба иттилои мақомоти амниятӣ, Ҳоҷӣ Самандар барои куштори Каримовҳо ду сокини дигари Ҳисорро ҷалб намудааст, ки қаблан низ ба ҷиноятҳои вазнин даст задаанд. Онҳо Каримовҳоро ба ноҳияи Рӯдакӣ бурда, парондаанд.

Аз ин пештар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҷасади бародарон Каримовҳо, ки бо мошинҳои гаронарзишашон аз Душанбе 6-уми ноябр гум шуда буданд, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт гардиданд. Кушташудагон низ зодаи ноҳияи Ҳисор, деҳаи Хонақоҳи куҳӣ буда, дар кӯчаи Нусратулло Махсуми Душанбе иқомат доштаанд.

Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, бародарон Фарҳоди 34-сола ва Раҷабалии 46-сола санаи 6 ноябри соли 2014 аз хона баромада, бедарак шудаанд. Ба иттилои ВКД, ҷасади онҳо субҳи 18-уми ноябри ҳамон сол дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала