Эрон хостори ширкати Лавров аснои эъломи қарори “ҳастаӣ” мебошад

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ва ҳамтои чиноии ӯ Ван И айни замон дар Уфа, дар саммити БРИКС ва СҲШ ширкат доранд. Интизор меравад чорабиниҳо рӯзи 10 июл ба анҷом расанд.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Теҳрон чунин меҳисобад, ки созишнома бо "шашгона" дар ҳузури ҳамаи вазирони умури хориҷаи шаш кишвари дахил, аз ҷумла сарвари идораи хориҷии Русия Сергей Лавров эълом гардад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба як мақоми баландпояи ҳайати эронӣ.

"Барои мо хеле муҳим аст, агар дар вақти эъломи созишнома оқои Лавров ин ҷо мебуд. Ман фикр мекунам, барои ӯ низ ҳузур доштанаш аснои имзои мувофиқатнома хеле зарур аст, агар ин кор сурат бигирад",- иброз доштааст манбаъ аснои сӯҳбат бо хабаргузорӣ.

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ва ҳамтои чиноии ӯ Ван И айни замон дар Уфа, дар саммити БРИКС ва СҲШ ширкат доранд. Интизор меравад чорабиниҳо рӯзи 10 июл ба анҷом расанд.

Қаблан манобеъи РИА Новости аз ҳайати намояндагони мухталифи Вена гуфта буданд, ки созишнома рӯзи 9 июл ба имзо мерасад. Созишномаи Лозанна, ки чорчӯби тавофуқоти ҳастаиро бо Эрон муайян мекунад, дар ғайби вазирони умури хориҷаи Русия ва Чин пешниҳод гардидааст.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала