ВАО: ҳалокати яке аз ҷиҳодиёни тоҷики “ДИ”

© Sputnik"Абу Холиди Кӯлобӣ". Расм аз навори саҳифаи YouTube
Абу Холиди Кӯлобӣ. Расм аз навори саҳифаи YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бародари ин ҷангии тоҷики “ДИ”, ки дар Сурия кушта шудааст, аз рӯи акс ӯро шинохтааст ва гуфтааст, медонистем, ки рӯзе хору зор кушта мешавад.

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар Сурия аснои зарбаи ҳавопаймои бесарнишин Нусрат Назаров, сокини маҳаллаи Чармгарони Поёни Кӯлоб, маъруф ба Абу Холиди Кӯлобӣ ва Фурқон Фаластин кушта шудааст, менависад Радиои Озодӣ.

Ба қавли Хайрулло Назаров, бародари мақтқл, тақрибан як ҳафта пеш ба ӯ аксеро нишон доданд, ки дар он ҷасади фавтидаи бародараш буд ва бадани ӯ сӯхта буд, вале ба хубӣ шинохта мешуд, ки вай ҳаст.

Муроҷиъати видеоии Гулмурод Ҳалимов - Sputnik Тоҷикистон
Г. Ҳалимов: ман бародарамро ҳам хоҳам кушт, агар вай аз имонаш гардад

"Хабари марги ӯро ҳамеша интизор доштем ва ин хабари ногаҳонӣ набуд. Медонистем, ки рӯзе хору зор кушта мешавад. Ӯро ман дар акс шинохтам",- иброз доштааст ӯ аснои сӯҳбат бо Озодӣ.

Хабари марги Назаровро ҳамсангарониаш низ бо пахши як навори видеоӣ тасдиқ кардаанд.

Як манбаъ аз мақомоти қудартии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфтааст, Назаров замоне кушта шудааст, ки мехост, аз марзи Туркия ду ҷавони тоҷикро барои пайвастан ба ҷиҳодиён ба Раққа барад.

Нусрат Назаров, сокини маҳаллаи Чармгарони Кӯлоб, соли 1976 таваллуд шуда, бино ба эътирофи худаш дар наворҳое, ки замони зинда буданаш нашр мекард, ду соли пеш ба Сурия рафта буд. Мақомот Абу Холиди Кӯлобиро фарде медонистанд, ки дар изҳороташ ҳамеша таҳдиди ғасби Тоҷикистонро ва хабарнигоронро мекард.

Дар Кӯлоб ҳамсар ва се фарзанди ӯ ба сар мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0