Беш аз 165 кило нашъа дар Душанбе нобуд карда шуд

© Sputnik / Олег Золото / Гузариш ба медиабонкНобудсозии маводи нашъадор. Акс аз бойгонӣ
Нобудсозии маводи нашъадор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе қисмати навбатии маводи нашъадор ба оташ партофта шуд ва ин дар моҳи равон барои аввалин маротиба сурат гирифт.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Имрӯз дар оташдони махсуси АНМН 167 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд, менависалд АМИТ Ховар.

Аз миқдори умумии маводи мухаддир, ки дар оташ партофта шуд, 157 кг-и онро бангдона ва 7 кг 073 грамашро ҳашиш ташкил медиҳад.

Ба қавли сардори хадамоти матбуотии агентӣ Хушнуд Раҳматуллоев, дар нимсолаи равон ин маротибаи чорум аст, ки маводи нашъаовар сӯзонида мешавад.

"Аз аввали сол бошад то имрӯз беш аз 1000 кг нашъа ба оташ партофта шуд",-гуфт ӯ.

Манбаъ меафзояд, аз соли таъсиси АНМН (соли 1999- шарҳи идора) то имрӯз зиёда аз 16 тонна маводи нашъадор дар оташдонҳои махсуси агентӣ нобуд карда шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0