Фармондеҳи нерӯи ҳавоии ИМА: “Русия бузургтарин хатар аст”

© AP / Czarek SokolowskiВазири нерӯҳои ҳавоии ИМА Дебора Ли Ҷеймс. Акс аз бойгонӣ
Вазири нерӯҳои ҳавоии ИМА Дебора Ли Ҷеймс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо дарназардошти вазъи муташанниҷ Нерӯҳои ҳавоии ИМА талош доранд бастагии худ аз воридоти муҳаррикҳои мушакии РД-180 аз Русияро коҳиш бидиҳад.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Русия хатари бузургтаринест барои амнияти милии ИМА ва ин кишвар бояд ҳузури худ дар Аврупоро тақвият бидиҳад, ҳатто агар шарикони Вашингтон дар НАТО мушкилоти иқтисодиро паси сар мекунанд, изҳор дошт вазири нерӯҳои ҳавоии ИМА Дебора Ли Ҷеймс дар мусоҳиба бо хабаргузории Рейтер, менависад РИА Новости.

"Эътироф мекунам, ки Русия бузургтарин хатар аст", — гуфт Ҷеймс.

Ҷеймс зикр кард, ки бо ташдиди ҳузури худ Аврупо Вашингтон ба аъмоли ахири "нигаронкунанда"-и Русия посух медиҳад.

Ҷеймс аз он изҳори нигаронӣ кард, ки то ҳол танҳо чаҳор кишвар аз 28 кишвари узви НАТО муқаррароти ин ниҳод барои риояи махориҷи низомӣ дар ҳаҷми 2% аз тавлидоти нохолиси миллиро риоя кардаанд. Вай таъкид кард, ки "ин танҳо ҳамин аст, ки аъзои НАТО ба иҷрои он розӣ шуданд".

Вазир зикр кард, ки бо дарназардошти вазъи муташанниҷ нерӯҳои ҳавоии ИМА умереро барои коҳиши бастагӣ аз воридоти муҳаррикҳои мушакии РД-180, ки аз Русия ворид мешаванду дар мушакҳои низомӣ ва иктишофӣ аз онҳо истифода мешаванд, идома медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0