Арзиши истифода аз об дар Тоҷикистон 38% боло меравад

© Pixabay.comҲисобкунаки об
Ҳисобкунаки об - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Қимати баланди интиқоли оби ошомиданӣ ба сокинони кишвар, бозпардохти қарзи БАБР ва боло рафтани қурби доллари ИМА боиси зиёд шудани арзиши хадамоти корхонаи давлатии “Хоҷагии манзилу коммуналӣ” шудааст.

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилу коммуналӣ" ба далели эҳимоли муслифшавии идора арзиши истифода аз об дар Тоҷикистонро 38% боло мебарад, менависад хабаргузории "Авеста".

Хабари дар зудтарин фурсат боло рафтани қимати истифода аз обро имрӯз дар нишасти матбуотӣ мудири ин корхона Алимурод Исломзода эълом кард.

Обрасонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Швейтсария ва БАБР низоми обрасонӣ дар Тоҷикистонро беҳбуд мебахшанд

"Қимати аслии дастрас кардани об ва интиқоли як метри мукааби он 2,03 сомонӣ мебошад, вале арзиши расмии он 80 дирам муқаррар шудааст. Аз интиқоли ҳар як метри мукааб об мо 1,23 сомонӣ хисорот мебардорем. Дар назар аст арзиши об аз 80 дирам то 1,20 сомонӣ боло бурда шавад", — гуфт вай.

Мушаххас шуд, ки мушкил на танҳо ба эҳтимоли муфлисшавии корхона будааст, балки бозпардохти қарзи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд аст, ки барои беҳбуди низоми обрасонӣ дар шаҳрҳо ва навоҳии кишвар $37 миллион ихтисос дода буд.

Болоравии қурби доллари ИМА мунҷар ба он шудааст, ки қарзи ин корхона ба пули миллӣ афзоиш ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0