Қодирӣ: дар Исфара санади ҳамкории марзӣ ба имзо расид

© Flickr \ Lukas BergstromСарҳади Қирғизистону Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд гуфт, дар музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон тирандозии марзбонони қирғиз аз аслиҳаи Калашников чун амале арзёбӣ шудааст, ки аз “беэҳтиётӣ” рух додааст.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар музокироти ҳайатҳои гуфтушунидкунандаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Исфара, ки 9 июл баргузор шуд, ба манзури ҷилавгирӣ аз танишҳои марзӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ ба истинод ба суханони раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ.

Муноқиша миёни сарҳадбонони тоҷику қирғиз баъд аз зуҳри рӯзи 6 июл дар як мавзеи ҳаммарз бо Қирғизистон сар зада буд, ки бар асари тирпарронӣ сокини 18-солаи ҷамоати Чоркӯҳ Боборизо Ризоев ба ҳалокат расида ва як сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон захмӣ шуд.  Ба ҷои ҳодиса пас аз ин ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев ҳозир шуд.

Гузаргоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Як сокини Исфара аз тири марзбонони қирғиз кушта шуд

"Тирандозии марзбонони қирғиз аз аслиҳаи Калашников чун амале арзёбӣ шудааст, ки аз "беэҳтиётӣ" рух додааст. Вале ҷонибҳо эътироф кардаанд, ки ҳодиса дар қаламрави Тоҷикистон, канори деҳаи Чоркӯҳ ва ҳоло як маҳали баҳснок рух додааст.Ёвари президент гуфтанд, ки ҳама масълаҳо ҳал. Дӯстона, ҳамсоявор кору зиндагиро пеш бурдан гиред",- иқтибос меорад радио аз забони Қодирӣ.

Ин барои бори аввал нест, ки дар марзи ду кишвари ҳамсоя миёни марзбонони ду ҷониб муноқиша сурат мегирад. Ҳудуди як сол қабл, дар моҳи августи соли 2014 дар канори деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миёни марзбонҳои ду кишвар муноқиша сар зад, ки дар натиҷа 2 нафар — як сарбози нерӯҳои марзбонӣ ва як сокини осоишта — кушта шуда, 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистон захмӣ гаштанд. Аз ин пеш, 11 январи соли 2014 дар як тирандозӣ байни марзбонони ду кишвар 8 нафар, аксаран маъмурони интизомиии Қирғизистон захмӣ шуданд.

То имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки дар ин манотиқ баҳсҳои ихтилофӣ сар мезананд.   

Лентаи хабарҳо
0