“Амонатбонк” ҳамкориро бо бонкҳои СҲШ тақвият мебахшад

© Sputnik Амир ИсаевБинои асосии "Амонатбонк" дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои асосии Амонатбонк дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари “Амонатбонк” дар ҳошияи саммити СҲШ дар Уфа масоили тақияти ҳамкориҳоро бо муовини раиси “Внешэкономбанк”-и ФР ва президенти Бонки давлатии рушди Чин баррасӣ кард.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар чорчӯби сафари кории намояндагони «Амонатбонк» дар ҷаласаи 11-уми Иттиҳоди Байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Уфаи Бошқирдистони Русиямасоили марбут ба ҳамкориҳои судманд бо бонкҳои дигари ташкилоти мазкур баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад торнамои БДА "Амонатбонк".

Манбаъ менависад, мулоқоти раиси "Амонатбонк" Рӯҳулло Ҳакимзода бо сарвари Бонки давлатии Рушди Чин Чжен Чжитсе оид ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои молиявӣ ва устувор намудани мавқеи молиявии бонкҳо буд.

Раҳбари БМТ: мо ба қарзи $500 миллионии Чин ниёз дорем

"Сармоягузории лоиҳаҳои қобили қабули тарафайн, дастгирии рушди соҳаи ҳоҷагии халқ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон аз масоили меҳварии баррасишаванда дар мулоқот маҳсуб мегардид",- меафзояд манбаъ.

Бонки давлатии  рушди Чин аз ҳамкорони асосии БДА "Амонатбонк" дар чорчӯби СҲШ ҳисоб меёбад. Охири соли 2014 Бонки давлатии Чин барои бонки Тоҷикистон 14 миллион доллар барои панҷ сол қарз пешниҳод кард. Гуфта мешавад, ин севвумин қарзи ҷудокардаи Чин дар чорчӯби ҳамкориҳои байнибонкӣ маҳсуб гардида, он барои рушди бозори қарзи имтиёзноки "Амонатбонк" мусоидат мекунад.

Ҳамзамон, гурӯҳи кории БДА ҶТ «Амонатбонк» бо роҳбарии раиси Раёсати Бонк Руҳулло Ҳакимзода бо муовини раиси «Внешэкономбанк»-и Русия оқои Балло Анатолий Борисович вохӯрӣ анҷом доданд. Дар ин вохӯрӣ тарафҳо ҳамчун шарикони ҳамкор ва аъзоёни комилҳуқуқи Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай доир ба масъалаҳои лоиҳаҳои инвеститсионии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида ва ҳамзамон номгӯи ин лоиҳаҳои инвеститсиониро маврид ба омӯзиш қарор дода барои дар оянда мабалағғузорӣ намудани ин гуна лоиҳаҳои инвеститсионӣ  ибрози андеша карданд.

Масъалаи дигаре, ки маврид ба баррасӣ қарор гирифт ин ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар самти такмили ихтисоси мутахассисин, мубодилаи барномаҳои иҷтмоию-иқтисодӣ, рушди соҳоти молиявию-бонкдорӣ дар асоси базаи меъёрию ҳуқуқии тарафайн буд. 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала