Порошенко: дар марз теъдоди “бузург"-и низомиёни рус қарор доранд

© Sputnik / Михаил Маркив / Гузариш ба медиабонкПетр Порошенко аз воҳиди низомии Гвардияи миллӣ дар наздикии Киев дидан кард.
Петр Порошенко аз воҳиди низомии Гвардияи миллӣ дар наздикии Киев дидан кард. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Порошенко барои бори чандум Маскавро бо он муттаҳам мекунад, ки нерӯҳои мусаллаҳи ФР дар Донбасс фаъол ҳастанд. Русия пайваста иттиҳомоти мушорикат дар даргирӣ дар ҷанубу шарқи Украина радд мекунад.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко изҳор дошт, ки дар наздикии марз бо Украина теъдоди "бузург"-и низомиёни рус қарор доранд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии ТСН.

"Дар наздикии марзҳои Украина миқдори бузурги низомиёни рус мустақар шудаанд. Ин иттилоъро на танҳо ниҳодҳои иктишофии мо таъйид кардаанд, балки ин хабар аз тариқи НАТО, ИМА ва кишварҳои ИА тасдиқ шудаанд", — гуфт вай.

Порошенко бори дигар Русияро дар бӯҳрони Украина гунаҳкор кард

Ба иттилоъи вай, феълан дар Донбасс 64 ҳазор нафар низомиёни украинӣ ва гузашта аз ин нерӯҳои Гвардияи миллӣ, Идораи амнияти Украина ва нерӯҳои марзбонӣ қарор доранд.

"Мо омода ҳастем ба ҳар гуна таҷоҳум посухи муносиб бидеҳем. Феълан артиши Украина яке аз беҳтарин нерӯҳои мусаллаҳ дар ҷаҳон аст. Ҳамчун раиси ҷумҳур ва фармондеҳи олӣ ман барои дифоъи давлат ҳар иқдоми заруриро анҷом медиҳам. Украина бояд силоҳи худро дар ҳолати омодабош қарор дода бошад. Ва Украинаро зарур аст, ки судмандии нерӯҳои мусаллаҳи худро тақвият бидиҳад", — изҳор дошт Порошенко.

Барои бори нахуст нест, ки Порошенко Маскавро дар ҳузури нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Донбасс муттаҳам мекунад. Дар авоили моҳи июн вай ба вакилони Рада гуфт, ки дар манотиқи даргирӣ 14 ҳазор нафар низомиёни рус ҳастанд, дар авохири ин моҳ дар мусоҳиба бо расонаҳои италиявӣ вай ҳатто рақами 200 ҳазор нафарро эълом кард — шашяки куллияи нерӯҳои мусаллаҳи Русия.

Русия куллияи иттиҳомот дар бораи мушорикат дар даргирӣ дар ҷанубу шарқи Украинаро радд мекунад.

Лентаи хабарҳо
0