“Истиқлол” бозигари дастаи “ССКА”-ро ба тамрин даъват кардааст

© Сайт ФК "Истиклол" / Гузаштан ба хазинаи аксҲимоягари дастаи ССКА Муҳаммад Назаров. Акс аз бойгонӣ
Ҳимоягари дастаи ССКА Муҳаммад Назаров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамони секаратаи футболи Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ду бозигарашро, ки дар ҳайати мунтахаби ҷавонон бозӣ мекунанд, ба иҷора дода, ҳимоягари ҷавони тими “ССКА”-и Маскавро аз санҷиш мегузаронад.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дастаи футболи "Истиқлол"-и пойтахт бозигари клуби "ССКА"-и Маскавро ба тамрин даъват карда, аллакай санҷиши ӯро оғоз кард, иттилоъ медиҳад сомонаи бошгоҳ.

"Қаҳрамони секаратаи футболи Тоҷикистон, ки имрӯзҳо омодагиро барои даври дуввуми чемпионати футболи кишвар оғоз кардааст, ҳимоягари ҷавон Муҳаммад Назаровро ба ҳайати худ даъват намудааст",- менависад манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ҳимоягари тими душанбегиҳо Алишер Сафаров ба таври иҷора барои шаш моҳ ба дастаи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа мегузарад ва ӯро дар он ҷо бозигари дигари "Истиқлол" Наврӯз Абдул ҳамроҳӣ хоҳад кард. Ҳар дуи онҳо дар ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар (U-19) баромад мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала