Романи ҷадиди муаллифи “Латифагӯйро бикуш” нашр шуд

© AP / Gerald HerbertХарпер Ли. Акс аз бойгонӣ
Харпер Ли. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мунақиддоне, ки алаккай бо матни роман ошно шудаанд, ошкор кардаанд, ки ҳар ду асари нависанда на танҳо қаҳрамонони муштарак доранд, балки дар бархе аз маворид матни ин асарҳо низ бо ҳам мушобеҳ ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Романи дуввуми нависандаи амрикоӣ Харпер Ли "Бираву посбон бигзор" (Go Set a Watchman) рӯзи сешанбе ба фурӯш гузошта шуд ва баъйид нест, ки дар оянда хонандаҳо аз осори ҷадиди ин муаллиф хабар хоҳанд ёфт.

Харпер Ли соли 1960 баъд аз нашри то ҳол нахустин ва танҳо романи "Латифагӯйро бикуш" шӯҳрати ҷаҳонӣ касб карда соҳиби ҷоизаи Пулитсеровӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нашри “Наврӯз-шиносномаи миллат” –и Раҳмон дар Тоҷикистон

Дар тӯли ҳаёти худ вай аз расонаӣ шудан канор ҷуста бо расонаҳо сӯҳбат намекарду дигар ҳеҷ асаре нашр накардааст. Танҳо романаш ба вай на танҳо ҷавоизи шаҳрвандии ИМА-ро овард, балки аз сӯйи хонандагони амрикоӣ беҳтарин романи садсола дониста шуд.

Феълан нависандаи 89 сола дар хонаи куҳансолон ба сар мебараду тавассути аробачаи маълулӣ ҳаракат мекунад. Ба далели пиронсолагӣ нависанда қисман қобилияти шунавоӣ ва дидаии худро аз даст додааст.

Дастнависи романи ҷадидро дар ҷузъдони бонкӣ вакили мудофеъи нависанда Тоня Картер ошкор карда ба ибтикораш ин асар мунташир шудааст.

Ба гуфтаи вай Харпер Ли аз ошкор шудани ин асар изҳори тааҷҷуб карда иқрор шудааст, ки романи анҷомшуда вуҷуд дорад ва онро "волидайн"-и "Латифагӯйро бикуш" унвон кардааст.

Мунақиддоне, ки алаккай бо матни ин роман ошно шудаанд, ошкор кардаанд, ки ин ду асари нависанда дорои на танҳо қаҳрамонони муштарак, балкӣ дар бархе маворид матнҳои мушобеҳ низ доранд.

Дар соли 1957 Харпер Ли дастнависи "Бираву посбон бигзор"-ро бо ношир ирсол кардааст, вале аз чопи ин асар бо машварати анҷоми кори бештар ва эҷоди роман бар пояи хотироти кӯдакии қаҳрамон Ҷин-Луиза Фитч посухи радд гирифтааст. Дар натиҷа дастнавис коркард шуда дар ниҳоят ба шакли романи саршиноси "Латифагӯйро бикуш" табдил ёфт.

Романи ҷадид ба гунаи асари қаблӣ зимни қиссаи бозгашти Ҷин-Луиза Фитчи калонсон аз Ню-Йорк ба зодгоҳаш Мейкомб (вилояти Алабама) тасвир карда масоили тафоҳуми қавмиро матраҳ мекунад. Барои хонуми 26 сола кушоишу озурдагӣ бар он буд, ки вакили мудофеъ Аттикус Фитч, ки аз сӯйи падараш беҳтарин дониста мешуд, дар асл қавмгаро ва ҷонибдори қатли намояндагони қавмҳои дигар будааст.

Нашри китоб дар бораи тоҷикистониёне, ки Украинаро озод кардаанд

Картер дар остонаи ба фурӯш гузоштани ин асар ҳушдор дода буд: "онҳое, ки интизори қиссакунии беҳтарини "Латифагӯйро бикуш"-ро интизоранд, аз китоби ҷадид озурда хоҳанд шуд, зеро ҳарчанд ин асари ба итмомрасида дониста мешавад, вале таҳрирро надидаст. Ин танҳо чизест, ки вай (Харпер Ли) навиштааст".

Алорағми ин нуқта, ки синну соли муаллиф кам нест ва ин нуқта, ки баъд аз комёбии китоби нахустинаш вай дигар асаре мунташир накардааст, бархеҳоро водор месозанд, ки баъйид донанд, ки ин асар бо ризоияти муаллиф мунташир шудааст. Муҳаққиқ ва дӯсти наздикаш Вейн Флинт баъйид намедонад, ки дар оянда имкон дорад дастикам ду китоби дигари ин нависанда мунташир шаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала