Мулло Умар: музокирот барои сулҳ дар Афғонистон иқдоми дуруст аст

Намояндагони ҷунбиши тундгарои “Толибон” ва мақомоти Афғонистон 7 июл дар наздикии Исломобод музокирот анҷом дода тавофуқ кардаанд, ки ба раванди “пурэҳсос ва комил” барои расидагӣ ба субботи мунназам дар минтақа талош хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Раҳбари ҷунбиши тундгарои "Толибон" Мулло Муҳаммад Умар рӯзи чаҳоршанбе изҳор дошт, ки баргузории музокирот ба манзури барқарории сулҳу суббот дар Афғонистон иқдоми дуруст аст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Франс Пресс.

Аммо Умар тавзеъ надодааст, ки музокироти анҷомшуда бо намояндагони ҳукумати Афғонистон дар Покистонро, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, дар назар дорад ё хайр.

Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Афғонистон бо толибон даври ҷадиди музокирот баргузор карданд

Музокироти миёни мақомоти Афғонистон бо толибон 7 июл дар наздики Исломобод баргузор шуд. Ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки ба раванди "пурэҳсос ва комил" барои расидагӣ ба субботи мунназам дар минтақа талош хоҳанд кард. Дар ин музокирот нозирон за Чин ва ИМА низ ширкат кардаанд. Ба навиштаи расонаҳо ҷонибҳо дар сададанд музокиротро баъд аз анҷоми моҳи Рамазон идома диҳанд.

"Агар қавоиди мазҳабиро бубинем пас метавон ошкор кард, ки музокирот ва ҳатто тавофуқоти сулҳ бо душманон мамнӯъ нест", — изҳор дошт раҳбари "Толибон" дар пайёми ҳамасолаи худ дар остонаи Иди Фитр ва изофа кардааст, ки ҳадафи музокирот "хотимаи ишғоли Афғонистон" аст.

Умар дар пайёми худ, ки дар сомонаи расмии "Толибон" мунташир шудааст, зикр кардааст, ки ҳамзамон бо муборизоти низомӣ талошҳои сиёсӣ ва роҳҳои сулҳомез барои дастарсӣ ба ин аҳдофи муқаддас мутобиқи қавоиди исломӣ мебошанд.

Қаблан дар моҳи май намояндагони "Толибон" ва мақомоти Афғонистон дар Қатар музокирот карданд, ки натоиҷе дар пай надошт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала