Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Фитр ва даъваташ ба савобҷӯӣ

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вай дар ин паём таъкид кардааст, ки мусалмонони кишвар қабл аз рафтан ба намозгоҳ ба ниёзмандон хайру садақа намоянд.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тамоми сокинони кишварро бо фарорасии Иди Фитр табрик гуфт ва тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва баракати бешумор барояшон орзу намуд, менависад сомонаи президент.

Масҷиди марказии Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламо: 17 июл Иди Рамазон мешавад

Президент дар паёми шодбошияш изҳор доштааст, ки ҳар як инсони савобҷӯ агар пеш аз адои намози ид бо ризоияти ҷисму рӯҳи хеш хайри худро ба бародарону хоҳарон, хешу таборони наздики ниёзманд, ҳамсоягон, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон расонад, савоби он дар назди Худованд дучанд мегардад.

"Дигар аз фазилатҳои моҳи Рамазон ва иди саиди фитр аз он иборат аст, ки инсонро ба роҳи рост, риояи адолату баробарӣ, бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки донишмандон онро беҳтарин мактаби одамият ва худсозии инсон маънидод карда, одамонро даъват менамоянд, ки ҳарчи бештар некӣ кунанд, собиру ботааммул бошанд, бо ҳамдигар муносибати хайрхоҳона ва хушбинона дошта бошанд", — омодааст дар паём.

Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки дар Ислом, бахусус мазҳаби Ҳанафия инсофу адолат ва сулҳу амният ҷойгоҳи бисёр олӣ дошта, ҳар як фарди мусулмонро ҳидоят менамояд, ки худро аз ҳама гуна аъмоли зишту зараровар, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғорат дар канор гирад ва ин амалҳои носавобро маҳкум намояд.

Ид меояд, хонаро ҷоруб занед...

"Воқеан, зарур аст, ки ҳамватанони мо ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, хусусан дар шароити бисёр ноорому ҳассоси ҷаҳони муосир барои ҳақро аз ботил ҷудо кардан саъйу талош намоянд, яъне ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, роҳи дурусти зиндагиро пеш гиранд, ба омӯзиши илму маърифат кӯшиш карда, аз ҳар гуна амалҳои зишту зиёновар худдорӣ намоянд, ба қадри калонсолон расанд ва бо заҳмати софдилона ватани худро ободу пешрафта гардонанд", — таъкид кардааст раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамаро қарзи имонии мусалмонони Тоҷикистон хонда дар ниҳоят бори дигар ба муносибати Иди саид ва мукаррами Фитр барои мардуми Тоҷикистон хушбахтӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, рӯзгори босаодат, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод орзу намудааст.

Лентаи хабарҳо
0