Кӯмаки намояндагии вазорат дар баргардонидани 1,3 млн. рубл

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкИроаи муҷаввизи кор дар Маркази воҳиди муҳоҷират. Акс аз бойгонӣ
Ироаи муҷаввизи кор дар Маркази воҳиди муҳоҷират. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи муддати ахир муроҷиати муҳоҷирин барои дарёфти ҳақмуздашон дар Русия вобаста ба вазъи нохуби иқтисодӣ дар ин кишвар зиёд шудааст, зеро корфармоҳо дар бархе ҳолат аз пардохти маоши онҳо сарпечӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Аз аввали сол то имрӯз Намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия барои баргардонидани 1 миллиону 331 ҳазор рубли ҳамватанон кӯмак кардааст, иттилоъ медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Аз ин 1 миллиону 174 ҳазор рублашро ҳақмузди 20 муҳоҷири тоҷик, ки дар як ширкати истиеҳсоли гӯшту шир кор мекарданд, ташкил медиҳад. Роҳбарияти корхона чанд моҳ боз дар пардохти моҳонаи онҳо мушкил дошт. Пас аз ташрифи масъули намояндагии вазорат ба ширкати мазкур вазъ тағйир ёфт.

"Аснои сӯҳбат роҳбари ширкати агросаноатӣ аз фаъолияти коргарони кирояи тоҷик изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки масъалаи маоши онҳо дар кӯтоҳтарин фурсат ҳалл хоҳад шуд",- омадааст дар хабар.

Ҳамзамон, бо кӯмаки бевоситаи Намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия Одинабек Лоиқов ба маблағи 124 ҳазор рубл ва Муҳаммадҷон Қурбонов 33 ҳазор рублашонро аз ҶДМ "Римтек"-и шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск дарёфт карданд.

Ҳаллу фасли чунин муроҷиатҳо дар намояндагӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0