Дар Бишкек амали маҳви ҷангҷӯёни мусаллаҳ сурат гирифт

Дар пойтахти Қирғизистон шоми гузашта амали зиддитеррористӣ барои маҳви ҷангҷӯёни мусаллаҳи созмони байналмиллалии террористӣ сурат гирифт, хабар доданд дар маркази матбӯъотии Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон.

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Дар ҷараёни ин амал чаҳор ҷангҷӯй, ки муқовимат карданд, маҳв шуда чаҳор корманди КДАМ ҷароҳатҳо бардоштанд, хабар доданд дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

"Амали маҳви ҷангҷӯёни мусаллаҳи созмони байналмиллалии террористӣ, ки аз сӯйи КДАМ сурат гирифта буд, анҷом ёфт", — хабар медиҳад маркази матбӯъотии ин ниҳод.

Шоҳидони ҳодиса хабар медиҳанд, ки аз биное, ки дар пайи амалиёти нерӯҳои вижа забт карда шуд, чанд нафари боздоштшударо берун оварданд.

Қаблан шоҳидон гуфта буданд, ки шоми рӯзи гузашта дар маркази Бишкек тирпарронӣ дар минтақаи хиёбонҳои Горкий ва Панфилов шунида мешуд ва ҳамлу нақли васоили нақлия дар ин хиёбонҳо масдуд шуда буд.

Ба иттилоъи расонаҳои Қирғизистон бо истинод ба манобеъи онҳо дар ниҳодҳои интизомӣ, ҷангҷӯёни маҳвшуда аъзои бахши маҳаллии ДИ буданд.

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузаштан ба хазинаи аксҶоддаи масдудшуда аз сӯйи милитсия дар Бишкек.
1/4
Ҷоддаи масдудшуда аз сӯйи милитсия дар Бишкек.
© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузаштан ба хазинаи аксМаъмурони интизомӣ ва сокинони шаҳри Бишкек.
Маъмурони интизомӣ ва сокинони шаҳри Бишкек. - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Маъмурони интизомӣ ва сокинони шаҳри Бишкек.
3/4
Низомиёни вижа дар Бишкек.
© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузаштан ба хазинаи аксКорманди тандурустӣ дар Бишкек, ки дар он ҷо амали зиддитеррористӣ барои маҳви ҷангҷӯён сурат гирифт.
4/4
Корманди тандурустӣ дар Бишкек, ки дар он ҷо амали зиддитеррористӣ барои маҳви ҷангҷӯён сурат гирифт.
1/4
Ҷоддаи масдудшуда аз сӯйи милитсия дар Бишкек.
2/4
Маъмурони интизомӣ ва сокинони шаҳри Бишкек.
3/4
Низомиёни вижа дар Бишкек.
4/4
Корманди тандурустӣ дар Бишкек, ки дар он ҷо амали зиддитеррористӣ барои маҳви ҷангҷӯён сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала