ВАО: раҳбари ДИ наворгирӣ ва намоиши қатлҳо дар сомонаҳоро манъ кард

© AP / Militant videoАбӯ Бакр ал-Бағдодӣ. Акс аз бойгонӣ
Абӯ Бакр ал-Бағдодӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тасмими Абу Бакр ал-Бағдодӣ ба гуфтаи худаш ба манзури ҳифзи нуфузи созмон ва ба ин далел, ки “аз чунин наворҳо кӯдакон ҳарос доранд” гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Раҳбари "Давлати исломӣ" Абу Бакр ал-Бағдодӣ фармоне содир кард, ки бар мабнои он наворбардории қатлҳо ва ҳамчунин пахши онҳо тавассути шабакаҳои интернетӣ мамнӯъ шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Daily Mail.

Ин нашрия мушаххас кардааст, ки ал-Бағдоди ба куллияи ниҳодҳои ин созмон номаи мушобеҳе ирсол кардааст. Вай иддаъо дорад, ки ин тасмим ба манзури "наранҷонидани мусалмонони дигар" гирифта шуда ва ҳадс мезанад, ки аз тамошои чунин наворҳои видеоӣ кӯдакон ба ҳарос меафтанд.

Вай ҳамчунин зикр кардааст, ки пахши чунин матолиб ба нуфузи созмони террористӣ латма ворид месозад.

Шакли электронии китоби Фитнаи ДИ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Ӯзбакистон китоби “Фитнаи ДИ” мунташир шуд

Ба эътиқоди коршиноси умури Ховари Миёна Анатолий Эл-Мюрида чунин мамуниятҳо рамзӣ мебошанд.

"Ҳоло бояд нигаҳ кард, ки ин фармон чӣ гуна иҷро мешавад. Эҳтимол дорад, ки ин як амри рамзӣ мебошад. Ал-Бағдодӣ дархост кард, ки наворҳои "сахттарин" баргузида ва ё ислоҳ карда шаванд. Наворҳои дигар боқӣ мемонанд", — гуфт Анатолий Эл-Мюрид дар сӯҳбат бо радиои Sputnik.

Ба эътиқоди вай муштариёни ақоиди ДИ қабл аз ҳама ҷавонон ҳастанд ва ҷавононе, ки бо фанновариҳои иттилоъотӣ, шабакаҳои интернетӣ ва иҷтимоӣ ошноии хубе доранд. Вале фазои иттилоъотиро нафарони ҳирфаӣ раҳбарӣ ва барои ин кори худ маболиғи ҳангуфте дарёфт мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала