Фаъолони Душанбе барои осебдидагони Бадахшон кӯмак ҷамъоварӣ мекунанд

© Амир ОдинаевАвоқиби селобҳо дар ВМБК. 17-18 июли соли 2015
Авоқиби селобҳо дар ВМБК. 17-18 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фаъолони Душанбе дар пойтахт чанд маркази қабули кӯмакҳои башардӯстона барои осебдидагони офоти табиъйӣ дар Помир таъсис дода даъватҳо барои ироъаи кӯмакҳо ба сокинони Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавсеъа мешаванд.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар Душанбе ба ибтикори фаъолон чаҳор нуқтаи ҷамъоварии кӯмакҳои башардӯстона барои сокинони ВМБК, ки дар он ҷо 16 июл селобҳо даҳҳо манзилро хароб карда ба садҳо сокинони маҳаллӣ хисорот ворид сохтанд, таъсис ёфтаанд, хабар медиҳад Радиои Озоди.

Замони ниҳоии ҷамъоварии маболиғ ва кӯмакҳои башардӯстон 24 июл муқаррар шудааст ва сипас корвон озими Помир мешавад.

То ҳол дар нуқтаҳои қабули кӯмакҳо дар "Grand Hotel", "Hotel Tajikistan", Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва ширкати "Интермебел" либос, либоси атфол, бозичаҳо, маболиғ ва маводди ғизоӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Масъули ҷамъоварии кӯмакҳо ба осебдидагон раиси бахши ширкати "Интермебел" Рамазон Абдуллоев дар сӯҳбат бо радио гуфт, ки ироъаи кӯмакҳо дуруст баъд аз пахши эъломҳо дар шабакаи иҷтимоии Facebook оғоз шуд.

"Мардум худ меоянд. Ҳар як бастаи кӯмакҳо сабти ном шуда миқдори он навишта мешавад. Имрӯз маъмулан бари пиронсолону кӯдакон либос оварданд ва онҳое низ ҳастанд, ки танҳо маблағе меоранд", — гуфт Абдуллоев.

Имрӯзҳо даъватҳои мушобеҳ барои ироъаи кӯмакҳо ба сокинони Шуғнон дар шабакаи иҷтимоии Facebook фаъолона пахш мешаванд.

Зикр шудааст, ки дар Бадахшон барои ироъаи кӯмакҳо ба осебдидагон дар Бонки кӯчаки молии Тоҷикистон суратҳисобе боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилоъи хабаргузории "Ховар" 17 июл раҳбарик кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони осебдидаи ВМБК кӯмаки башардӯстона ироъа кардааст, ки аз орду шакар, равған, макарон, биринҷ ва ҷиҳози зиндагӣ иборат аст. Кӯмаки башардӯстона ба маҳалли офатзада тавассути чархболҳо интиқол шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0