Шаҳрванди Чин зимни талоши додани ришваи 3 миллионӣ боздошт шуд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Агар ҷурми муттаҳам собит шавад шаҳрванди Чин аз 5 то ба 10 сол равонаи зиндон шуда моликияташ мусодира мешавад.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Шаҳрванди тоҷири Чин ба Агентии назорати молӣ ва мубориза бо фасод дар Тоҷикистон се миллион пора пешниҳод карда боздошт шуд, менависад хабаргузории Авеста.

Дар гузориши телевизионӣ, ки аз сӯйи маркази матбӯъотии ниҳоди зиддифасод таҳия шуда шоми дирӯз ба намоиш гузошта шуд сухан дар бораи мудири ширкати "Сад дарё" мерафт.

Дар ҷараёни бозрасии фаъолияти ширкат мавориди изофанависӣ, сирқати маболиғ ва ҷиноёти дигари молӣ ошкор шудаанд.

"Ин табаъайи хориҷӣ дарк мекунад, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад ва ба маъмури Агентии мубориза бо фасод бар ивази ифшо накардани камбудиҳои дар ҷараёни бозрасии молӣ ошкоршуда 3 миллион сомонӣ ришва пешниҳод мекунад", — омадааст дар гузориши телевизионӣ.

Дар натиҷа тоҷир ва тарҷумонаш — шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд. Нисбати шаҳрванди Чин тибқи моддаи 320 (талоши додани ришва ба шахси масъул) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тарҷумон ба далели иттилоъ надодан дар бораи судури ҷинояти сангин муттаҳам мешавад.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки агар иттиҳоми муттаҳамон собит шавад, шаҳрванди Чин аз 5 то ба 10 сол бо мусодираи моликият ва тарҷумон то 5 сол равонаи зиндон мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0