Роҳи оҳани Тоҷикистон: ҳамлу нақл 11% коҳиш ёфтааст

© Sputnik Амир ИсаевҚаторҳои боркаши Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Қаторҳои боркаши Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми интиқоли бор тариқи нақлиёти роҳи оҳан тайи шаш моҳи ахир поён рафтааст, ҳарчанд содироти мол ба хориҷа аз ҳисоби бахши кишоварзӣ дар ин давра зиёд шуда бошад ҳам.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҳаҷми борбарӣ тариқи "Роҳи оҳани Тоҷикистон"  дар нимсолаи аввали соли равон 2 миллиону 860 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 364 ҳазор тонна ё 11, 3 дар сад кам мебошад, иброз дошт муовини раиси ширкат Баҳром Шодиев дар нишасти матбуотӣ.

Ба иттилоъи ӯ, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ тариқи қаторҳо 198, 1 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10, 7 ҳазор мусофир камтар мебошад.

"Боркашонии транзитӣ 486 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 245 ҳазор тонна ё 33, 6 тонна кам шудааст"-афзуд оқои Шодиев.

Ҳамзамон, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ содироти молҳои хоҷагии халқ тариқи роҳи оҳан афзоиш ёфта, 307 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 ҳазор тонна бештар будааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала