Маметалиев: ҳадафи машқҳо роҳ надодан ба низоъҳои марзӣ аст

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Баҳси асосии сокинони Тоҷикистону Қирғизистон барои дастрасӣ ба чарогоҳ, об ва роҳҳо бархоста, ҳар ҷониб бо таъкид ба ин ки ин қаламрав ҳамеша моли ин ё он тараф будааст, изҳори норизоият мекунанд.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон машқҳои серӯзаи муштараки нирӯҳои марзбонии ин ду кишвар шурӯъ шуда, он таҳти унвони "Сипар-2015" сурат мегирад, менависад Радиои Озодӣ.

Ба қавли манбаъ, муовини нахуствазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев гуфтааст, ин нахустин машқҳои муштараки марзбонони ду кишвар аст, ки се рӯз идома хоҳанд кард.  Ин машқҳо дар минтақаи марзии байни ду кишвар дар минтақае барпо мешавад, ки солҳои охир дучори задухӯрдҳои марзӣ ва хушунатҳо шудааст.

"Имрӯз мо тавассути интернет дар маросими кушоиши машқҳои низомии ҳайатҳои фармондеҳии ситоди нирӯҳои марзбонии "Сипар-2015" иштирок кардем. Фармондеҳони қирғиз ба мо гузориш доданд. Худи машқҳо фардову пасфардо дар марзи вилояти Ботканд ва ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо ширкати низомиёни ҳарду ҷониб баргузор мешаванд. Ҳадафи ин машқҳо роҳ надодан ба низоъҳои марзӣ аст",- илва кард муовини нахуствазири Қирғизистон.

Ҳамзамон, Маметалиев афзудааст, қисмати асосии машқҳо ду рӯзи оянда баргузор шуда, нирӯҳои марзбонии тоҷик рӯзи 23 июл ба тамринҳои муштарак мепардозанд.  "Ин як тадбири хубе дар амри ҳалли масоили байнисарҳадии ду кишвар аст, ки барои беҳтар шудани вазъ дар марз ва дар равобити байни марзбонҳо хизмат мекунад",- илова мекунад вай.

Маврид ба тазаккур аст, ки марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон, ки бахши аъзамаш ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, ҳар сари чанд вақт ба макони моҷароҳои сокинони рустоҳои наздисарҳадӣ табдил мешавад. Баҳси асосии сокинон барои дастрасӣ ба чарогоҳ, об ва роҳҳо бархоста, ҳар ҷониб бо таъкид ба ин ки ин қаламрав ҳамеша моли ин ё он тараф будааст, изҳори норизоият мекунанд.  

Лентаи хабарҳо
0