“Озодагон”: муассиси радиои “Ватан” аз зиндон раҳо шуд

© SputnikМаҳбусин аз зиндони Ваҳдат мебароянд
Маҳбусин аз зиндони Ваҳдат мебароянд - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷири муваффақ ва муассиси радио, ки барои муддат мадид бо ҷурми қаллобӣ зиндонӣ шуда буд, қабл аз мӯҳлат ба озодӣ баромад.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Муассис ва собиқ сарвари кулли радиои "Ватан" ва ширкати "Арзон-мобайл" баъди қариб 5 соли боздошт аз зиндон озод шудааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон бо истинод ба ма як манбаъи худ.

Сарчашма менависад, Амонов, ки ба иттиҳоми азхуд кардани садҳо ҳазор доллари шарикони тиҷҷорияш моҳи октябри соли 2010 боздошт ва тобистони соли 2011 ба 9 соли зиндон маҳкум шуд, ба иттилои манобеи "Озодагон" се рӯз пеш ба озодӣ баромадааст.

Муассиси радиои "Ватан" аз сӯи Оҷонсии зидди фасод боздошт ва аз сӯи додгоҳ дар тасарруфи амвол, қаллобӣ ва сӯиистифода аз мақом гунаҳкор шинохта шуда буд.

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод он замон гуфта буд, Далер Амонов бо шаҳрванди Русия Иззатулло Тошмуҳаммадов ба хотири ворид кардани телефонҳои дастии «Нокиа» ва пуштибонии радиои «Ватан» созишномаи шифоҳӣ баста, ба ҳисоби бонкии ширкати «Арзон мобайл» ва «ТРК Ватан» 805 ҳазор доллар ворид намудааст. Аммо шартҳои ҳамкориро иҷро накардааст ва ин маблағҳоро барои ширкатҳояш харҷ намудааст.

Як муомилаи дигари оқои Амонов бо муассисаи "Маркази ҳамсолони Турсунзода" будааст, ки ҳудуди 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 150 ҳазор доллари амрикоиро ба соҳибони маблағ барнагардондааст. Далели дигар муомилаи пулӣ бо як шаҳрванд бо исми рамзии "К" аст, ки оқои Амонов аз ӯ гӯё 21,500 евро пули нақд гирифта, "ба манфиати худ" истифода кардааст.

Радиои «Ватан» аз радиоҳои мустақил аст, ки бо тавозуни назар иттилоъ пешниҳод мекунад ва он соли 2003 таъсис ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала