АНМН: Кашфу мусодираи 25 кг нашъа дар ҶТ дар як шабонарӯз

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузаштан ба хазинаи аксМаводи мухаддир, ки дар чархи эҳтиётӣ пинҳон карда шудааст. Акс аз бойгонӣ
Маводи мухаддир, ки дар чархи эҳтиётӣ пинҳон карда шудааст. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони Агентӣ дар канори шаҳри Душанбе сокини пойтахтро дастгир намуданд, ки аснои тафтиши борхалтаи варзишии ӯ, аз дохили он миқдори зиёди бастаҳои селлофанӣ бо маводи сабзранг ошкор гардид.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар 25 килограмм маводи мухаддир кашфу мусодира гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии АНМН.

"Кормандони Агентӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд автомашинаи тамғаи «Тойота-Прадо»-ро мавриди тафтиш қарор доданд.

Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти қочоқчиёни нашъа аз ҷониби кормандони АНМН

Аснои азназаргузаронии нақлиёт аз махфигоҳ дар дохили чархи эҳтиётӣ 7 баста бо маводи хокистарранг бо бӯи махсус ошкор гардид. Мутобиқи хулосаи шуъбаи ташхиси криминалистӣ, маводи мусодирашуда ҳероин буда, вазни он 7 кг 116 грамро ташкил менамояд.

Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, ронандаи автомашина, сокини 53-солаи пойтахт ният дошт маводи мухаддирро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳад. Ҳоло чораҳои зарурӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоҳои боқимондаи гурӯҳи ҷинояткор андешида шудаанд.

Ба иттилоъи манбаъ, аз рӯи ҳар ду ҳолат бо  моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон» оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала