Хидирзода: алъон 12 зани тоҷик дар Сурия қарор доранд

© Sputnik Махпора КиромоваМахфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ
Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Занон ҳамроҳи ҳамсарон ва фарзандонашон ба Сурия мераванд, аммо духтарони бе шавҳар ба ҳар васила ба он ҷо ҷалб мешаванд, аз ҷумла тариқи шабакаҳои интернетии иҷтимоӣ

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тайи шаш моҳи аввали соли равон 12 зану духтарони тоҷик ба Сурия рафтаанд, иброз дошт  Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон.

КДАМ: дар Сурия ва Ироқ -344, дар Афғонистон-30 тоҷикистонӣ меҷанганд

Аксари занон ҳамроҳи ҳамсарон ва фарзандонашон ба Сурия рафтаанд, зеро шавҳаронашон бо ҷангиёни гурӯҳҳои террорситӣ дар он ҷо пайвастаанд.

"Баъзеашон аз пайи шавҳарҳояшон рафтаанд, баъзеи дигар бо роҳҳои дигар фирефтаю ҷалб шудаанд. Мояи нигаронӣ аст, агар як зани тоҷик ҳам дар Сурия қарор дошта бошад",- гуфт Хидирзода.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила афзуд, онҳо талош мекунанд, корҳои инфиродиро бештар кунанд ва бояд ҳама фикр кунанд, ки кадом роҳҳои ҷилавгирии ин зуҳурот вуҷуд дорад: "Чун ватандор ҳастему агар дили мо сидқан ба халқи миллат сӯзад, ин зуҳуроти номатлубро бояд аз байн барему ҳамагон барои ислоҳи он талош кунем".

Тибқи иттилоъи ахир беш аз 400 шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаҳои ҳарбӣ дар Ховари Миёна, аз ҷумла Ироқу Сурия қарор дошта, 100 нафари онҳо то имрӯз ба ҳалокат расидаанд. Ҳукумат ваъда додааст, ки онҳое ихтиёран ба ватан бозпас мегарданд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала