“Садои шарқ” ба Интернет роҳ ёфт

© Sputnik Амир ИсаевБинои Иттиҳоди адибони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои Иттиҳоди адибони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ин маҷалла ҳанӯз солҳои 30-юми садаи гузашта таъсис ёфта, маҳсули қалами шоирону нависандагони Тоҷикистон, адибони машҳури ҷаҳон ва беҳтарин нигоштаҳои рӯзро дар саҳафоти худ мунташир мекунад.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputniк. Торнамои маҷаллаи адабии "Садои шарқ", нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъол шуд, иброз доштанд дар ИН ҶТ аснои сӯҳбат бо хабарнигори Sputniк.

"Ҳоло ин торнамо бо нишони www.sadaishargh.tj дар шабакаи ҷаҳонии Интернет дастрас мебошад"-афзуд сарчашмаи хабар.

Маҷаллаи "Садои шарқ" аз солҳои 30-юми асри 20 то ба имрӯз нашр мешавад. Дар гузашта шоир ва нависандагони шинохта — Пӯлод Толис, Абдумалик Баҳорӣ (А. Раҳмонов), Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Абдулҳамид Самад, Ӯрун Кӯҳзод, Ҷонибек Акобир ба ҳайси сардабири ин нашрия фаъолият кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир Рустами Ваҳҳоб, шоир ва донишманди шинохтаи тоҷик сармуҳарририи ин маҷалларо бар ӯҳда дорад, ки аз моҳи июли соли гузашта, баъди даргузашти сармуҳаррири пешини нашрия — Ҷонибеки Акобир, масъулияти иҷрокунандаи вазифаи сардабирии онро ба зимма дошт.

Лентаи хабарҳо
0