Барои кенгуруҳои чехӣ дар Душанбе шароити австралиягӣ омода мекунанд

Обуна шудан
Барои кенгуруҳои чехӣ, ки моҳи равон ба боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе оварда шуданд, макони зисти табиӣ бунёд мекунанд.

Саидхоҷа Сафаров, муовини раҳбари Боғи ҳайвоноти Душанбе мегӯяд, ин кенгуруҳо дар як замони номувофиқ ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд, ки он вақт ҳаво дар кишвар то 46 дараҷа гарм буд. 

"Кенгуруи Бенетта дар муҳити зисти табиӣ, дар ҷангалҳои намноки тропикии шимолу шарқи иёлоти Квинсленди Австралия зиндагӣ мекунанд, ки дамои ҳавои онҷо аз 25 дараҷа боло намешавад. Аммо ҳоло ҳаво дар Душанбе хеле гарм аст ва аз ин рӯ, мутобиқшавии онҳо бо муҳити инҷо мушкил мебошад", — афзуд ӯ. 

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло масъулини Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе барои ин кенгуруҳои чехӣ талош доранд, муҳити табииеро фароҳам кунанд: "Барои наҷоти онҳо аз гармии ҳаво фаввора ва барои ҷасту хезашон, ки аслан кенгуруҳо онро хеле дӯст медоранд, теппаи хурде сохта шудааст".

Дар ҳоли ҳозир дар ин боғ бо шумули чаҳор кенгуруи чехӣ 865 ҳайвони хонагию ваҳшӣ зиндагӣ мекунад. 

Лентаи хабарҳо
0