Дар эҳдоси маркази кайҳонии “Восточний” 7,5 млрд рубл дуздида шудааст

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Додситони кулли Русия Юрий Чайка изҳор дошт, ки алаккай мавориди дуздӣ ошкор шуда 250 ширкати марбут ба эҳдоси маркази парвозҳои кайҳонии “Восточний” бозрасӣ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Додситонҳо дар маркази парвозҳои кайҳонии "Восточний" сирқати 7,5 миллиард рублро ошкор кардаанд, хабар дод рӯзи душанбе дар ҷаласаи натиҷагирии фаъолияти Додситонии кулл додситони кулли Русия Юрий Чайка.

Маркази парвозҳои кайҳонии "Восточний" дар наздикии шаҳраки Углегорски дар кишвари назди Амур эҳдос мешавад; парвози нахустин киштии бордор дар соли 2015 дар назар аст, парвози нахустин киштии кайҳонӣ дар соли 2018 пешбинӣ мешавад. Умури сохтмонӣ бояд 30 ноябри соли 2015 анҷом ёбанд, ҳарчанд сохтмончиён мукарраран аз ақабмонии худ хабар медиҳанд.

Путин: Русия қасд надорад империя созад

Қаблан ВКД ФР аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба сирқати 300 миллион рубл барои сохтмони ҷоддаҳо дар маркази кайҳонии "Восточний" ва Кумитаи таҳқиқотӣ дар бораи боздошти мудири кулли ширкати "ДСС", ки ба напардохтани музди коргарон дар эҳдоси ин марказ муттаҳам мешавад, хабар дода буданд.

Иҷрокунандагони ин тарҳ қарзҳои худ аз сохтмончиёни маркази кайҳонии "Восточний"-ро дар пайи иқдомоти сангин бозпардохт мекунанд, изҳор дошт қаблан муовини нахуствазири ФР Дмитрий Рогозин. Вай ба Роструд дастур дод, ки мавзӯъи пардохти музди меҳнати сохтмончиёнро то замони анҷоми умури сохтмонӣ дар "Восточний" назорат кунад.

Лентаи хабарҳо
0