Писари Муъаммар Қаззофӣ ба эъдом маҳкум шуд

© AP / Ben Curtis, FileСайф ал-Ислом. Акс аз бойгонӣ
Сайф ал-Ислом. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Писари раҳбари собиқи Либиё дар толори додгоҳ ҳузур надошт ва ғоибан маҳкум шуд, зеро вай дар шаҳри Зинтан дар асорати гурӯҳҳои мусаллаҳ қарор дорад ва онҳо ба мақомоти Триполӣ итоъат намекунанд. Ҳамчунин ҳашт нафар намояндагони дигари мақомоти раҳбари пешин муҷозот шуданд.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Додгоҳи ҷиноии пойтахти Либиё рӯзи сешанбе ҳукми ниҳоӣ ба писари Муъаммар Қаззофӣ Сайф ул — Исломро содир кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии "Ал-Арабия".

Ҳамчунин ҳашт нафар намояндагони дигари мақомоти раҳбари пешин муҷозот шуданд. Миёни маҳкумшудагон намояндагони саршиноси Ҷумҳурии Либиё ба мисли нахуствазири собик Ал-Бағдоди ал-Маҳмудӣ ва раҳбари иктишофоти Либиё Абдулло ас-Синусӣ ҳастанд.

Писари раҳбари пешини Либиё дар толори додгоҳ ҳузур надошт ва ғоибан маҳкум шуд, зеро вай дар шаҳри Зинтан дар асорати гурӯҳҳои мусаллаҳ қарор дорад ва онҳо ба мақомоти Триполӣ итоъат намекунанд.

Алмабрук Карира, раҳбари вазорати адлияи девони вазирони аз сӯйи ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътирофшуда, ки дар Тобрук мустақар аст, рӯзи душанбе изҳор дошт, ки "муҳокимаи додгоҳии раҳбарони собиқи давлати Қаззофӣ ғайриқонунӣ аст, зеро аз сӯйи ҷангҷӯён анҷом мешавад". Карира аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ҳукми ин додгоҳро эътироф накунанд.

Маҳкумшудагон ба даъвати қатли эътирозгарон ва таъсиси гурӯҳҳои вижаи ҷилавгирӣ аз эътирозот дар рӯзҳои инқилоби 17 феврали соли 2011 муттаҳам шуданд. Ҳамчунин намояндагони давлати пешинро дар фасодкорӣ муттаҳам карданд.

27 июни соли 2011 ҳангоми ҷанги дохилӣ дар Либиё Додгоҳи ҷиноии байналмиллалӣ ба ҳабси Муъаммар Қаззофӣ ба иттиҳоми қатлҳо, боздоштҳои ғайримуҷоз ва зиндонӣ кардани афрод дастур дод. 20 октябри соли 2011 ба ҳангоми забти шаҳри Сирт аз сӯйи Шӯрои миллии интиқолӣ кушта шуд.

Аз замони сарнагунӣ ва қатли раҳбари кишвар Қаззофӣ ба ҳангоми ҷанги дохилӣ дар соли 2011 Либиё замони бӯҳрониро паси сар мекунад. Дар пайи ихтилофот дар кишвар дуҳокимиятӣ ба вуҷуд омадааст: аз як сӯ — порлумони аз сӯйи мардум интихобшуда, ки дар шаҳри Тобрук таҳти раҳбарии нахуствазир Абдуллоҳ ат-Танӣ ҷаласа баргузор мекунад ва аз сӯйи дигар — Анҷумани умумии исломгаро, ки дар Триполӣ бо нахуствазири интихобшуда Умар ал-Хасӣ мустақар аст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз манотиқи Либиёро мақомоти марказӣ таҳти назорат надоранд ва онҳоро ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" ғасб мекунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0