Ифтитоҳи "Қасри фарҳанг" дар Рӯшон. Бо ширкати Раҳмон

Баъди иштирок дар маросими ифтитоҳи чанд иншоот ва мулоқоташ дар навоҳии Ванҷу Дарвоз субҳи имрӯз раисҷумҳур тариқи чархбол ба ноҳияи Рӯшон парвоз кард.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Боздиди президенти Тоыикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон аз маросими истиқбол дар фурудгоҳи ноҳия оғоз гардид, менависад сомонаи раисҷумҳур.

"Президент дар ноҳияи Рӯшон ба бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия санги асос гузошт, ки он дар майдони масоҳаташ 0,45 гектар бунёд гардида, аз ду ошёна иборат хоҳад буд",- омадааст дар хабар.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи маҷмааи ҷаҳонгардии "Ванҷи боло" аз ҷониби Раҳмон

Арзиши лоиҳавии сохтмон 8 миллион сомонӣ буда, аснои бунёди иншоот асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб мегарданд. Оқои Раҳмон дар сӯҳбат бо сохтмончиён онҳоро ба кори пурсамар ва босифат, риояи тамоми меъёрҳои меъмории шаҳрсозӣ ҳидоят карда, изҳор дошт, ки ин иншоот бояд солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад аз ин рӯ он бояд бо сифати хуб ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъмории замони муосир бунёд гардад.

Ба иттилоъи манбаъ, сипас раисҷумҳур дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳия барои 460 ҷойи нишаст иштирок кард. Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо соли 2012 оғоз гардида, пудратчии сохтмон ҶДММ "Шарқ" мебошад. Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дар он 12 утоқи корӣ, толори бошукӯҳи замонавӣ ва дигар биноҳои ёрирасон мавҷуд аст. Арзиши лоиҳавии сохтмон 6 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аст.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳия мулоқот карда, бо вазъи мардуми минтақа аз наздик ошно шуд. Сафари кории президент дар вилояти Бадахшон то рӯзи 31 июл идома хоҳад кард.  

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала