ВАО: тақвияти ҳамлаҳои ҳавоии Туркия алайҳи ҲКК

© Фото : wikimedia.org / Гузаштан ба хазинаи аксҲавопаймои ҷангии F-16
Ҳавопаймои ҷангии  F-16 - Sputnik Тоҷикистон
Ба навиштаи расонаҳо, ин дафъа ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Туркия ӯрдугоҳ ва қароргоҳи ҳизби коргарии Курдистон, ки дар шаҳри Қандил воқеъ мебошанд, қарор гирифт.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Ҳавопаймоҳои бомбаандози F-16 неруҳои ҳавоии Туркия шаби гузашта амалиёти густурдаро алайҳи ҷонибдорони ҳизби коргарии Курдистон, ки фаъолияти он дар қаламрави мамлакат ман астъ, роҳандозӣ карданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба гузориши шабакаи телевизионии Haber Turk.

Инфиҷор дар Туркия мунҷар ба марги 27 нафар гардид

Зарбаҳои ҳавоии Туркия алайҳи ҲКК дар шимоли Ироқ шаби гузашта шурӯъ гардида, мавқеъи ҷонибдорони ҳизби коргарии Курдистон, ситод ва қароргоҳи ин ташкилот ҳадаф қарор гирифта буд. Аммо Анқараи расмӣ ҳанӯз дар ин бора шарҳи комилеро ироа накардааст.

Авзоъ дар Туркия пас аз чанд ҳамлаи интиҳорӣ ва амалиёти террористии "Давлати исломӣ" дар шаҳри Суруҷ ва куштори пулисҳои турк дар вилоёти ҷанубу шарқии минтақа муташанниҷ гардид. Масъулияти ин ҳамлаҳоро ҲКК ба дӯш гирифт.

Неруҳои мусаллаҳи Туркия аз рӯзи ҷумъаи гузашта ҳамлаҳои худро алайҳи ҲКК дар шимоли Ироқ ва шимоли Сурия оғоз карданд. Масъулони ҲКК мутмаинанд, ин ҳамла натиҷаи "ҳамкорӣ"-и Анқара бо гурӯҳҳои сунниест, ки дар Сурия бо курдҳо меҷанганд. Туркия ин иттиҳомро рад кард ва худи ҳамон рӯз ба бомборони мавқеъҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва ҲКК шурӯъ намуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала