Мулло Умар, раҳбари Толибон ду соли пеш мурдааст

Манобеъ дар ҳукумати Афғонистон мегӯянд, ки раҳбари Толибон Мулло Муҳаммад Умар ду сол пеш фавтида ва ё кушта шудааст.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Як манбаъ дар ҳукумати Афғонистон таъйид кардааст, ки Мулло Муҳаммад Умар, раҳбари Ҳаракати Толибони Афғонистон фавтидааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Ҷангиёни Толибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
125 нафар низомиёни Афғонистон ба суфуфи Толибон пайвастанд

Ин манбаъ афзудааст, ки ин мавзӯъ рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти амниятӣ низ баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи манобеи раёсати ҷумҳури Афғонистон, хабари даргузашти Мулло Муҳаммад Умарро Покистон дар ихтиёри Кобул гузоштааст.

Чанд рӯзи пеш "Маҳоз Фидоӣ" — як гурӯҳи вобаста ба Толибон иддао карда буд, ки Мулло Умар ду сол пеш кушта шудааст. Ин гуруҳ гуфта буд, ки Мулло Умар аз сӯи Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур, дӯст ва муовинаш ба қатл расида буд. Ба гуфтаи Қорӣ Ҳамза, сухангӯи гуруҳи "Маҳоз фидоӣ", онҳо санад ва мадраке дар даст доранд, ки метавонанд собит кунанд, ки Мулло Муҳамад Умар дигар зинда нест.

Хабари даргузашти раҳбари Толибон дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки ҳудуди ду ҳафта қабл аз номи Мулло Муҳаммад Умар ба муносибати Иди Фитр паёме нашр шуда буд, ки дар он дар баробари ҷанг, ба сулҳ ва муборизаи сиёсӣ таъкид мешуд.

Боевики Талибан на пути Баглан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: дар 2 рӯз толибон 40 музофотро дар марзи Туркманистон гирифтаанд

"Амиралмӯъминин Мулло Муҳаммад Умар Муҷоҳид", тавре худи Толибон ӯро расман ном мебаранд, бино ба бархе манобеъ, 64 ва бино ба манобеъи дигар 52 сол дорад. Гуфта мешавад, ки ӯ байни солҳои 1950 — 1962 дар вилояти Қандаҳор ё Урузгон ба дунё омада, парвардаи Дорулулуми Ҳаққонияи Пешовар аст. Ҳанӯз дар солҳои 80 ба сафи муҷоҳидин пайваста, ба гуфтаи ҳамсафонаш, дар ҷангҳо алайҳи артиши Шӯравӣ як чашмашро аз даст додааст.

Дар соли 1996 ҷунбиши Толибон ибтидо гуруҳҳои Гулбуддин Ҳикматёр ва дар ниҳоят нирӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури вақти Афғонистон Бурҳонуддин Рабонӣ ва вазири дифои ӯ Аҳмадшоҳи Масъудро шикаст дода, вориди Кобул шуд. Режими ӯ то соли 2001 ба ҷуз аз қисматҳои хурде дар шимол ва вилояти Бадахшони он кишвар боқӣ қаламрави Афғонистонро ба даст оварда, дар ин қаламрав меъёрҳои шадиди, ба ақидаи худи онҳо, "шариатӣ"-ро ҷорӣ карда буд.

Воҳиди махсуси ВКД-и Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аснои ҳамлаи Толибон ба меҳмонхонаи Кобул 14 нафар ҳалок шуд

Дар аҳди Толибон занону духтарон аз ҳаққи кору таҳсил маҳрум шуда, ахлоқи мардум, аз ҷумла то чӣ андоза мураттаб намоз гузоридани онҳо аз сӯи пулиси "амри маъруф ва наҳй аз мункар" назорат мешуд.

Дар пайи ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001, вақте режими Толибон аз талаби ба Амрико супурдани раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лодин ва афроди дигари гумонбар дар он ҳамлаҳои хунин даст кашиданд, эътилофи байналмилалии зиддитеррор бо раҳбарии Амрико нирӯҳояшро вориди Афғонистон кард ва дар моҳи декабри соли 2001 Толибонро аз Кобул берун андохт. Аммо ин гуруҳ 14 сол боз алайҳи нирӯҳои эътилоф ва урдуи давлатии Афғонистон ҷангҳои чирикиро пеш мебарад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала