Ҳамроҳ бо ИА боз шаш кишвари дигар алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ карданд

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкПарчамҳои Русия ва ИА. Акс аз бойгонӣ
Парчамҳои Русия ва ИА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба шаш кишвари аврупоӣ, ки бар зидди Русия таҳримоти ҷорикардаи Иттиҳодияи Аврупоро тамдид карданд, Гурҷистон низ ҳамроҳ шуд.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Шаш кишвари аврупоӣ — Черногория, Албания, Исландия, Лихтенштейн ва Украинаву Норвегия пас аз ИА таҳримҳои иқтисодиро алайҳи Русия тамдид карданд, омадааст дар изҳороти роҳбари дипломатии ИА Федерико Могерини.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Аслов: мо мухолифи таҳримҳои зидди Русия ҳастем

Тибқи иттилоъияи ин созмон, кишварҳои номбурда дар асоси сиёсати миллииашон аз қарори Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ кардаанд.

"ИА тасмими давлатҳои мазкурро бо хушнудӣ истиқбол кард ва аз дастгирӣ мекунад",- навишта шудааст дар баёния.

Ин кишварҳо бо шумули Гурҷистон ба таҳримоти иқтисодӣ алайҳи ФР ҳамроҳ шуданд. Қарори марбутаро ИА рӯзи 19 июн дар ҷаласаи Шӯро ба тасвиб расонид.

Баъд аз пайвастани Қрим ба Русия дар соли гузашта Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Русия чанд бор таҳрим ҷорӣ карданд.  

Лентаи хабарҳо
0