Ҷоми дастаи “Истиқлол” бахшида ба ҷашни Истиқлоли ҶТ шурӯъ мешавад

© Flickr \ Maud GrandjeanФутбол
Футбол - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маблағи умумии ҷоизаи имсола 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва ба тими ғолиб ба ғайр аз Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20 ҳазор ва ба бошгоҳе, ки мақоми саввумро касб мекунад 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Рӯзи аввали моҳи равон дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии Ҷоми дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе баргузор шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи ФФТ ҶТ.

Тибқи ин қуръакашӣ, даври гурӯҳии мусобиқа барои Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба футболи хурд  20 дастаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои бонкӣ ширкат хоҳанд кард.

Футбол. Мусобиқаи мунтахаби ЕВРО-2012. Бозии Русия - Андорра - Sputnik Тоҷикистон
Сабқати мини-футбол дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Ғалаба

Манбаъ меафзояд, сабқат барои дарёфти Ҷоми "Истиқлол", ки барои бори сеюм барпо мегардад, ба Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шудааст.

"Мусобиқаи имсола рӯзи 8 август шурӯъ шуда, як моҳ идома хоҳад кард. Бозиҳо дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор мешаванд",- омадааст дар хабар.

Маблағи умумии ҷоизаи имсола  70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва ба тими ғолиб ба ғайр аз Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20 ҳазор ва ба бошгоҳе, ки мақоми саввумро касб мекунад 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Бар асоси дастур ба мусобиқа бозигарони синнашон аз 24-сола боло роҳ дода мешаванд. Бозигарони дастаҳои лигаҳои оливу якум ва ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ҳуқуқи дар ин мусобиқа иштирок карданро надоранд.

Маврид ба тазаккур аст, ки тими ФФТ ду маротиба барандаи Ҷоми дастаи «Истиқлол» гардидааст.

Натиҷаи қуръакашӣ ба таври зайл аст:

Гурӯҳи «А»: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, «Динамо», Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Формула успеха», «Спитаменбонк».

Гурӯҳи «В»: «Истиқлол», «Бухоро», «Бонки миллӣ», «Газпром», «Гумрук».

Гурӯҳи «С»: «Ҷаҳоннамо», «Тоҷиксемент», «Фароз», «Ориёнбонк», «Антикоррупсия».

Гурӯҳи «D»: «Вавилон», «Аэропорт», «Агроинвестбонк», Федератсияи футболи Душанбе, «Соро компания».

Лентаи хабарҳо
0