Ҷангиёни “Толибон” пирамардро барои ҷонибдориаш аз ҳукумат куштанд

© AP / Rahmat GulҶангиёни мусаллаҳи гурӯҳи "Толибон" дар Қунузи Афғонистон. Моҳи майи соли 2015
Ҷангиёни мусаллаҳи гурӯҳи Толибон дар Қунузи Афғонистон. Моҳи майи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Марди куҳансол, ки аз ҳукумати расмии Афғонистон тарафдорӣ мекард, ҳамроҳ бо чор аъзои хонаводааш қурбонии ифротгароёни гурӯҳи “Толибон” гардиданд.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.Ҷангиёни "Толибон" ба манзили зисти як ҷонибдори ҳукумати қонунии Афғонистон гардида, ӯро бо аъзои оилааш ба қатл расониданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Синхуа.

"Рӯзи душанбе чанд тан аз силоҳдорони ҳаракати ифротии "Толибон" дар мавзеъи Дараи Суф (Dara-e-Suf) ба хонаи роҳбари қабила Домулло Абдул Карим (Damullah Abdul Karim) ҳамлавар шуда, ӯ ва чор нафар аз хонаводаашро ба ҳалокат расониданд",- иброз дошт сарвари пулиси маҳаллӣ Муҳаммад Боқир Масъуд (Mohammad Baqir Masoud).

Ба иттилоъи мақомоти интизомӣ, аснои тирпарронӣ ду ҷангӣ низ ба ҳалокат расидааст.

Дар қаламрави Афғонистон гурӯҳи террористии "Толибон" ба амалиёти густардаи низомӣ даст зада, сокинони осоиштаро ба қатл мерасонанд. Неруҳои ҳукуматӣ барои наҷоти аҳолӣ ва ҳифзи иншоотҳои муҳими стротежӣ ҳамеша бо ҷангиён даргир ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала