Сабқати БТР-и русӣ бо зиреҳпӯши обию хушкигарди чинӣ дар "Ҷоми Каспий"

Обуна шудан
Дар чорчӯби бозиҳои Артиш-2015 ҳайати низомиён аз Русия, Чин, Қазоқистон ва Озарбойҷон бо мошинҳои вижаи ҳарбӣ барои ба даст овардани "Ҷоми Каспий" ширкат карданд. Ин навори видеоӣ аз ҷараёни мусобиқа гирифта шудааст.

Марҳалаи аввали мусобиқоти низомии "Ҷоми Каспий" дар машқгоҳи мавсум ба "Скорпион"-и ҷумҳурии Доғистон сурат пазируфт. Дар сабқат дастаҳои неруҳои мусаллаҳи Русия, Чин ва чанд кишвари аъзои ИДМ ширкат карданд.

Гузаштан аз монеъаҳо ва нишонзанӣ дар баҳру хушкӣ аз шартҳои асосии сабқат маҳсуб мегардиданд.

Низомиёни Чин аз мошини зиреҳпӯши тавлидоти худӣ "ZBD2000" истифода карда, дигар тимҳо савори зиреҳпӯши русии "БТР-90" буданд.

Лентаи хабарҳо
0