Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

КДАМ ҶТ: мақомоти маҳаллии Қирғизистон дар даргирӣ мунҷар аст

© Flickr / PeteСимхор
Симхор - Sputnik Тоҷикистон
Феълан вазъ дар манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон таҳти назорати ниҳодҳои низомӣ ва интизомии ду кишвар қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Мақомоти ҳокимияти рустои Кок-Тоши вилояти Ботканд дар ташаннуҷи авзоъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мунҷар мебошанд, навиштааст хабаргузории Авеста бо истинод ба маркази матбуотии КДАМ.

Дар баёнияи нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ омадааст, ки 25 июли соли ҷорӣ соати 11.30 сокинони рустои Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар соҳили рӯдхонаи Исфара барои кандани ҷӯй таҷаммӯъ мекунанд. Ин лаҳза ба назди онҳо сокинони рустои Кок-Тоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Ботканди Қирғизистон ба раҳбарии раиси ҷамоат Разия Осорова меоянд.

Силоҳи Калашников. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: дар даргирии марзӣ бо Тоҷикистон аз аслиҳа истифода шудааст

Дар баёния зикр мешавад, ки Осорова ҳамватанони худро алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон тавтеъа карда, ҳамроҳи худ ҳудуди 130-150 сокини рустои Кок-Тошро овардааст. Онҳо тақозо кардаанд, ки ба Қирғизистон пайраҳаи пиёдагарди Мазор дода шавад, ки ба самти қабристони муштарак мебараду дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ аст.

Баъд аз хархашаи лафзии сокинон ба маҳалли ҳодиса раисони навоҳии Исфара ва Ботканд- Даврони Зоҳидзода ва Кэниш Салихов меоянду тавофуқ мекунанд, ки то 28 июл мавзӯъи кашидани ҷӯйбори об ҳалл мешавад.

Аммо, омадааст дар баёния, ин мавзӯъ ҳалли худро наёфт ва 3 август ин қазия ба даргирӣ кашида шуд ва дар пайи он ҷонибҳо ҳамдигарро сангборон карданд.

Ин ниҳод зикр мекунад, ки 4 август соъати 12.30 аз сӯйи сокинони рустои Кок-Тоши Қирғизистон ба самти сокинони рустои Сомониён аз туфанги шикорӣ тирпарронӣ сурат гирифт.

Гуфта шудааст, ки сокинони рустои қирғизӣ ҳамчунин аз "котейли Молотов" истифода кардаанд. Дар натиҷа аз ҷониби Тоҷикистон 6 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Вазъи ду нафари онҳо вахим арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Идораи давлатии марзбонии Қирғизистон иддаъо дорад, ки марзбонони ин кишвар дар қазияи муноқишаи миёни сокинони ду кишвар аз аслиҳа истифода накардаанд.

Абдуғанӣ Мамадазимов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мамадазимов: сиёсати мардумӣ қазияҳои марзиро ҳалл мекунад

Зикр шудааст, ки феълан вазъ дар манотиқи марзии миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳти назорати ниҳодҳои низомӣ ва интизомии ду кишвар қарор дорад.

"Намояндагони марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон вазъро назорат карда муштаракан бо ниҳодҳои интизомии ҳар ду кишвар дар миёни сокинони манотиқи наздимарзӣ умури таблиғотӣ анҷом медиҳанд", — таъкид мекунанд марзбонони қирғиз.

Куллияи матолиб дар ин робитаро ин ҷо бихонед>>

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала