Дар Хабаровск 16 нафар бар асари садама ҳалок шудаанд

© Sputnik / Сергей ЕщенкоСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар километри 125-уми шоҳроҳи Хабаровск- Комсомолски лаби Амур, дар мавзеъи кӯли Гасси ду автобус ба якдигар бархӯрданд.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Теъдоди фавтидагон дар садамаи ду автобус дар Хабаровск  ба 16 нафар расида, 60 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд, менависад РИА Новости бо истинод ба масъулини умури изтирории минтақа.

Дар маҳалли садамаи нақлиётӣ дар кишвари Красноярск - Sputnik Тоҷикистон
Садама дар Красноярск: 23 июл Рӯзи мотам эълом шуд

"Миёни захмиён шаш нафар дар ҳолати вахим ва 15 кас дар ҳоли саломатиашон миёна қарор доранд".

Қаблан пулис дар бораи ҳалокати 12 нафар ва ҷароҳати сангин бардоштани се тан аз мусофирон хабар дода буд.

Тибқи иттилои ситоди ҳолатҳои изтирории ВҲФ Русия, тасодум дар километри 125-уми шоҳроҳи Хабаровск- Комсомолски лаби Амур, дар мавзеъи кӯли Гасси рух додааст. Таҳқиқи қазия алъон идома дорад.  

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала