Додситонии кулл сабаби садамаи маргбор дар Хабаровскро шарҳ дод

Обуна шудан
НовостиTelegram
Муфаттишон сабаби сар задани садамаро дар Хабаровск муайян карданд, маълум шуд, ки яке аз автобусҳо аснои аз паҳлӯи мошини таъмиркунада гузаштан ба тарафи муқобили ҷодда баромада бо автобуси дигар бархӯрдааст.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ба самти муқобил баромадани як автобус боис ба садама гардида, дар пайи он 16 мусофир ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилоъи Додситонии кулл, автобус  таҳти рақами 301, ки аз Комсомолскийи лаби Амур ба тарафи Хабаровск  ҳаракат мекард, сабабгори ҳодиса шудааст.

Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хабаровск 16 нафар бар асари садама ҳалок шудаанд

"Аснои таҳқиқи ҳодиса маълум гашт, ки ронандаи автобуси № 301 вақте аз паҳлӯи мошини таъмиркунандаи роҳ убур мекардааст, идораи мусофиркашро аз даст дода, ба самти муқобили ҷодда баромада бо автобуси дигар бархӯрдааст ",- омадааст дар иттилоъия.

Дар Шарқи Дури Русия ду автобуси мусофирбар ба ҳам бархӯрда, дар ин ҳодиса дастикам 16 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар хабари вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия омадааст, ки ин ду автобуси мусофирбари байнишаҳрӣ дар минтақаи Хабаровск ба садама дучор шудаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0