Изҳороти ҲИӮ дар бораи қазияи марги роҳбари "Толибон"

© AP / Rahmat GulАкси Мулло Умар дар саҳифаи рӯзнома. Акс аз бойгонӣ
Акси Мулло Умар дар саҳифаи рӯзнома. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракати Исломии Узбакистон ҷунбиши Толибонро ба фиреб ва сохтакорӣ айбдор намуда, талаб кард, ки сарони ин ҳаракат ҳақиқати марги раҳбари пешини худро эълом дорад.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон (ҲИӮ) аз ҷунбиши Толибон талаб кардааст, ки ҳақиқати марги раҳбари худро эълон кунанд, навиштааст "Радиои Озодӣ".

11 узви ҲИӮ дар Суғд зиндонӣ шуданд

Ин нукта дар изҳороти ҲИӮ рӯзи 2 август садо дод, ки ба воситаи почтаи электронӣ ба Бахши ӯзбакии "Радиои Озодӣ" расидааст. Изҳорот аз имейле расидааст, ки муддатҳои зиёд фаъол буда, паёмҳои ҲИӮ-ро пахш мекунад.

Бо муроҷиат ба "Аморати Исломии Афғонистон", номе, ки ҷунбиши Толибон аз соли 1996 то 2001 бо ин ном бар Афғонистон иҳокимият кард, дар изҳорот шароити марги раҳбари толибҳо Мулло Муҳаммад Умар ва эълони ин воқеа зери суол бурда мешавад.

Мақомоти Афғонистон рӯзи 29-уми июл эълом доштанд, ки раҳбари деринаи ҷунбиши Толибон дар як бемористони Карочии Покистон дар моҳи апрели соли 2013 ҳангоми табобат аз дардмандии зикрнашуда фавтидааст.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид рӯзи дигараш бе зикри иллат ё беморӣ хабари марги Мулло Умарро тасдиқ кард. Аммо вай рӯзи марг ва ҷойи воқеаро зикр накарда, гуфт, аз соли 2001 ба ин сӯ Мулло Умар Афғонистонро тарк накардааст.

Дар изҳороти худ Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон мегӯяд, шарҳи Толибон дар бораи ҳалокати Мулло Умар "боварбахш" нест. ҲИӮ Толибонро ба ҳамкорӣ бо хадамоти ҷосусии Покистон (ISI) айбдор мекунад.

Дар Суғд 11 нафар бо иттиҳоми узвияти ҲИӮ маҳкум шуданд

"Чаҳордаҳ сол дар бораи ҳаёт ва марги фармондеҳи азизи мо Мулло Муҳаммад Умар ба ҷомеаи мусалмон дурӯғ гуфта мешуд ва изҳороти ахир дар бораи шароити марги ӯ давоми ҳамин гуна дурӯғҳост," — гуфта мешавад дар изҳороти ҲИӮ.

ҲИӮ шарҳеро зери суол мебарад, ки бино бар он гӯё Мулло Умар баъд аз ду ҳафтаи интиқол ёфтанаш ба бемористон фавтидааст ва талаб мекунад, ки шароити даргузашти ӯ ба таври комил ва бо ҳамаи ҷузъиёт дар миён гузошта шавад. ҲИӮ изҳори умедворӣ кардааст, ки "ҳамаи талабҳояш ба иҷро хоҳанд расид".

Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ки дар Афғонистон ва Покистон фаъол аст аз тарафи Иёлоти Муттаҳида, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ як созмони террористӣ унвон мешавад. Маълум гаштааст, ки он бо шабакаи ал-Қоида ва ҷунбиши Толибон ҳамкорӣ мекунад. Аввали сол намояндагони он аз итоати худ ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" хабар дода буданд.

Толибон ба таври ошкоро "Давлати исломӣ"-ро маҳкум кардаанд, ки мехоҳад, дар Афғонистон ошӯби худро роҳандозӣ кунад.

Дар номае ба раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" Абубакри Бағдодӣ Толибон пойфишорӣ карданд, ки ҷиҳоди зидди амрикоиҳо ва ҳампаймонҳои он "бояд зери як парчам ва таҳти як раҳбар" ҷараён гирад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала