Чин ба Тоҷикистон ба маблағи $1,6 млн кӯмаки башардӯстона мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевАвоқиби селоб дар рустои Бедак
Авоқиби селоб дар рустои Бедак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Чин тасмим гирифтанд аз Тоҷикистон дар умури рафъи оқибатҳои офоти табиӣ дар манотиқи кӯҳистонии кишвар дар моҳи гузашта пуштибонӣ кунанд.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 10 миллион юан (муодили 1,63 млн доллари ИМА) кӯмаки сареъи башардӯстона ироъа мекунад, менависад хабаргузории "Синхуа".

Олмон ба осебдидагони Тоҷикистон 57 ҳазор евро ихтисос дод

Ин ёрии башардӯстона дар пайи селобҳои шадиди моҳи июл дар манотиқи мухталифи кишвар ихтисос мешавад. Далели ин офоти табиӣ гармии шадид унвон мешавад, ки ба обшавии пиряхҳо ва болоравии мизони оби рӯдхонаҳо мунҷар шуд.

"Вазорати тиҷорати Чин интиқоли ин кӯмаки башардӯстонаро раҳбарӣ карда, умури назорати вазъ дар Тоҷикистонро идома медиҳад ва ниёзҳои ин кишвар дар умури рафъи авоқиби ин ҳолатро пайгирӣ менамояд", — омадааст дар хабар.

Дар пайи ин офот ҳашт нафар ҷони худро аз даст дода панҷ нафари дигар бенишон шудаанду беш аз 1000 нафар бидуни маскан мондаанд ва дар маҷмӯъ теъдоди осебдидагон 7000 нафар унвон мешавад. Ба иқтисоди кишвар хисороти 100 миллион долларӣ ворид шудааст.

Лентаи хабарҳо
0