Беш аз 50 ташхис дар садамаи нақлиётии Хабаровск гузаронида шуд

Тибқи иттиллоъи ВКД ФР дар қиболи парвандаи ҷиноии садамаи маргбори нақлиётӣ дар кишвари Хабаровск, ки бар асари он 16 нафар ба ҳалокат расиданд, 38 шоҳиду теъдоди зиёди ҷабрдидаҳо пурсида шуданд.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Коршиносон барои ташхсиси садамаи нақлиётии маргбори Хабаровск, ки дар пайи он 16 кас қурбон гардиданд, беш аз панҷоҳ ташхис таъин карданд, иброз дошт намояндаи расмии Вазорати умури дохилаи Русия Елена Алексеева.

Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хабаровск 16 нафар бар асари садама ҳалок шудаанд

"Тайи як шабонарӯзи ахир дар бастагӣ ба парвандаи ҷиноии садамаи нақлиётӣ дар Хабаровск 38 шоҳид ва ҷабрдидаҳо пурсида шуда, 53 ташхис гузарониданд",- гуфт вай.

Рӯзи гузашта дар кишвари Хабаровски Шарқи дури Русия ду автобуси мусофирбар ба ҳам бархӯрданд. Дар ин ҳодиса 16 нафар нафар ба ҳалокат расиданд. Дар хабари вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия омадааст, ки ин ду автобуси мусофирбари байнишаҳрӣ ба ҳам бархӯрдаанд.

Ҳамзамон, дар ин ҳодиса бештар аз 50 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва ҷароҳати чанд нафари онҳо ҷиддист. Барои кӯмак оташнишонҳо, гурӯҳҳои наҷот пулиси роҳ, хадамоти таъҷилии тиббӣ ва гурӯҳҳои оперативӣ ба маҳали ҳодиса ҳозир шуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала