Омӯзиши тарзи намозгузории ҳанафиҳо дар ВКД

© SputnikБинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни як семинар дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои ин ниҳод бо шеваи адои намози мазҳаби Имоми Аъзам ошно гардидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ба хотири ошноии ҳайати шахсии ВКД-и Тоҷикистон ва раҳбарияти ҷузъу томҳои ин ниҳод бо ақидаи Имоми Аъзам ва тарзи намозгузории пайравони мазҳаби Ҳанафия семинари илмие дар Душанбе баргузор шудааст, менависад сомонаи ВКД.

Масҷид - Sputnik Тоҷикистон
Панҷоҳ масҷиди “ғайрирасмӣ” ба маркази фарҳангӣ табдил мешавад

Ин семинар таҳти унвони "Афзалият ва ҷойгоҳи таълимоти мазҳаби Имом Абӯҳанифа барои таъмини амният ва осоиш дар ҷомеа" рӯзи 6 август дар толори маҷлисгоҳи ин ниҳод баргузор шудааст. Дар семинар полковники милиса Саидзода Зикрулло Алӣ, сардори факултаи 5-уми Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон суханронӣ карда, ба иштирокдорон дар бораи ходиму олимони диние, ки ҳамчун давомдиҳандаи Имоми Аъзам шинохта шудаанд, маърӯза кардааст.

Инчунин полковники милиса дар бораи ақидаҳои Имоми Аъзам дар дини Ислом, ҷиҳод аз нигоҳи Имоми Аъзам ва тарзи намозгузории пайравони мазҳаби Ҳанафия суҳбат кардааст.

Дафтари матбуоти вазорат меафзояд, дар семинари мазкур Рустам Азизӣ, муовини директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон низ суханронӣ карда, ба ҳайати шахсии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва раҳбарияти ҷузъу томҳои ин ниҳод дар шаҳру навоҳии кишвар аз панду насиҳатҳои Имоми Аъзам дар бораи итоат аз роҳбари давлат ва ватандорӣ аз нигоҳи мазҳаби Ҳанафия гуфтааст.

Пули сохтмони масҷиди бузургтарини Тоҷикистонро дуздиданд

Ошноии ҳайати шахсии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва раҳбарияти ҷузъу томҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар бо ақидаи Имоми Аъзам ва тарзи намозгузории пайравони мазҳаби Ҳанафия дар ҳолест, ки масъулини ин ниҳоди интизомии Тоҷикистон аз ташкили гуруҳҳо бо шумули кормандони ин ниҳод барои шиносоии пайравони мазҳаби ғайриҳанафия дар масоҷиди кишвар хабар дода буданд. Бароталӣ Ҳомидзода, сардори Воҳиди махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки амнияти ҳаракати раисиҷумҳур ва меҳмонони олиқадрро дар роҳҳои кишвар таъмин мекунад, рӯзи 3 июл дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, "нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибро риоя накарда, аз байни намоз хеста мераванд, ҳамчун узви равияҳои ғайр дониста шуда, нисбати онҳо чораандешӣ мешавад".

Ба гуфтаи Ҳомидзода, дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намозгузорон барои шиносоии пайравони равияву ҳаракатҳои ғайриҳанафӣ гуруҳҳои корӣ ташкил шудааст.

"Дар ҷумҳурии мо бояд як мазҳаб — мазҳаби Имоми Аъзам амал намояду фаъолияти дигар мазоҳибу равияҳо бар асоси қонун манъ мебошанд. Ба хотири ошкор кардани чунин равияҳо аз ҳисоби намозгузорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуруҳҳои корӣ ташкил шуда, аъзои ғайримазҳаби Ҳанафияро ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидан пешниҳод мекунанд", — гуфта буд Ҳомидзода.

Лентаи хабарҳо
0