Тартиби нави гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ҷорӣ шуд

© SputnikШиносномаи биометрии шаҳрванди ҶТ
Шиносномаи биометрии шаҳрванди ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Бо имзои қонуни ҶТ “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар тартиботи нави дарёфт кардани шаҳрвандии ҷумҳуриро ҷорӣ кард.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зери қонун "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки ахиран аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардид, имзо гузошт, менависад сомонаи президент.

Ҷаласаи парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қонуни нави шаҳрвандии Тоҷикистон ба тасвиб расид

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон қонуни мазкурро 7 август имзо кардааст.

Рӯзи 24 июни имсол вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, қонуни конститутсионӣ "Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон" дар таҳрири навро қабул карданд. Он замон Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени тоҷик зимни муаррифии лоиҳа гуфт, мақсади лоиҳа танзими ҳамаҷонибаи масъалаҳои шаҳрвандӣ буда, принсип ва шартҳои тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Тоҷикистонро муайян месозад.

Зариф Ализода, иброз дошта буд, тибқи ин лоиҳаи қонун афроде, ки забони давлатиро намедонанд ё дар таъқиби ҷиноӣ қарор доранд, ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул намешаванд. Номбурда гуфт, фарзандхонд кардани кӯдаки шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун асос барои пешниҳод кардани имтиёз ҷиҳати қабули шаҳрвандии Тоҷикистон аз лоиҳаи ин қонун дар таҳрири нав хориҷ карда шуд, зеро ба қонунҳои амалкунанда мухолифат мекунад.

Омбудсмени тоҷик қайд намуд, ҷиҳати пешгирии бешаҳрванд гаштани кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо низ як қатор меъёрҳои нав дар ин лоиҳа пешбинӣ шудааст.

Дафтари матбуоти президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар баробари қонун "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон" чанд қонуни дигар, аз ҷумла қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ", "Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ"-ро имзо кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала