Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Инфиҷор дар Стамбул: ҳафт нафар ҷароҳатҳо бардоштанд

© AP / Akin CeliktasДар маҳалли амали террористӣ дар ноҳияи Султонбойли 10 августи соли 2015
Дар маҳалли амали террористӣ дар ноҳияи Султонбойли 10 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Чанд нафар маъмурони пулис ва сокинони осоишта дар пайи инфиҷор дар ноҳияи Султанбойли Истамбул ҷароҳатҳо бардоштанд. То ҳол ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои террористӣ масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда нагирифтааст.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Таҷҳизоти мунфаҷира дар яке аз бахшҳои пулиси Истамбул 10 август фаъол шуд ва ҳафт нафар ҷароҳатҳо бардоштанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Ассошиэйтед Пресс.

Ин ҳодиса дар ноҳияи Султанбойлии Истамбул — дар қисмати осиёии он рух дод. Баъд аз инфиҷор дар бино оташсӯзӣ сар зад. Шиддати инфиҷор ба чанд бинои атроф ва 20 мошини дар таваққуфгоҳ қарор дошта хисорот ворид сохт.

Дар пайи ин инфиҷор панҷ нафар маъмури пулис ва ду сокини осоишта ҷароҳатҳо бардоштанд.

Маъмурони ниҳодҳои интизомӣ маҳалли ҳодисаро муҳосира карданд. Пулис муҷримонро ҷустуҷӯ мекунад. То ҳол ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои террористӣ масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда нагирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала