Озодӣ: маҳбусе дар зиндони Душанбе худкушӣ кард

Маҳбуси зиндони Душанбе, ки барои 9 сол ба иттиҳоми қаллобӣ маҳкум шуда буд, аз тариқи худро ба дор кашидан худкушӣ кард. Таҳқиқот дар пайи ошкор кардани омилҳое мебошанд, ки зиндониро ба ин амр водор кардааст, аммо зиндониёни дигар изҳор доранд, ки хушунатҳои нозирон ӯро худкушӣ маҷбур кард.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Маҳбуси зиндони шумораи 4 шаҳри Душанбе Тоҳир Бозоров ҳафтаи гузашта худро ба дор кашидааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба Раёсати ислоҳи ҷазоҳои Вазорати адлия.

Яке аз зиндониён ба Озодӣ гуфтааст, ки нозирони зиндон бо хушунат бо вай муносибат мекарданд ва ба ин далел Бозоров аз чунин рафтор худкушӣ кардааст.

Ҳашт муҳоҷир дар "зиндони муҳоҷирон"-и Маскав қасди худкушӣ карданд

Дар Идораи раёсати иҷрои ҷазоҳои вазорати адлия ба расона таъйид карданд, ки маҳбус 5 август худкушӣ кардааст, вале иддаъо ҳамшарикони ӯро дар бораи омилҳои ин амр радд карданд. Манбаъи Озодӣ дар ин ниҳод гуфт, ки ҳанӯз омилҳои ин амр рӯшан нашудаанд ва онҳо дар пайи таҳқиқот ошкор мешаванд.

Бозорови 41-сола рӯзи ҷумъа дар зодгоҳаш, рустое дар ноҳияи Восеъ дафн шудааст.

Марҳум соли 2013 ба иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи бузург барои 9 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала