Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Умури бозсозии нерӯгоҳи Норак 95% анҷом шудаанд

Маблағи умумии тарҳ ҳудуди $67 млн. мебошад - $54,7 миллионро Бонки осиёии рушд ва $12,2 миллионро ширкати “Барқи тоҷик” ихтисос додаанд.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Умури бозсозии таҷҳизоти тақсимкунандаи —500 кВ (ОРУ) дар нерӯгоҳи Норак 95% анҷом шудаанд, менависад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба Маркази иҷрои тарҳҳо дар бахши энержӣ.

Ба иттилоъи манбаъ феълан иҷрогари ин тарҳ — ширкати олмонии Alston Grid GmbH 98% таҷҳизоти зарурӣ барои ОРУ-500-ро ворид кардааст.
Аз ҷумла ноқилҳои баландшиддат, таҷҳизоти назоративу дифоъӣ, низоми пӯшидаи тақсимотӣ ва ғайра ворид шудаанд.

Дар сохтмони НБО Норак - Sputnik Тоҷикистон
НБО "Норак"-ро ҳамин тавр сохтанд

Дар Марказ зикр карданд, ки куллияи таҷҳизот дорои кайфияти баланд буда дар корхонаҳои Фаронса, Италия, Испания ва Олмон тавлид шудаанд.

Феълан иҷрогари тарҳ умури насбкуниву омодагӣ барои фаъол сохтанро анҷом медиҳад.

Умури тармиму таҷдид дар ин таъсисот 95% анҷом шудаанд. Тибқи нақша куллияи умури бозсозии таҷҳизоти тақсимкунандаи кушодаи 500 кВ дар нерӯгоҳи Норак бояд то авохири соли 2015 анҷом шаванд.

Маблағи умумии тарҳ ҳудуди $67 млн. мебошад — $54,7 миллионро Бонки осиёии рушд ва $12,2 миллионро ширкати "Барқи тоҷик" ихтисос додаанд.

Нерӯгоҳи Норак бо зарфияти 3000 МВт бузургтарин нерӯгоҳи барқии обӣ дар Тоҷикистон мебошад. Вай соли 1972 мавриди истифода қарор дода шуд ва мизони тавлидоти солиёнаи нерӯи барқи ин нерӯгоҳ ҳудуди 11,2 миллиард кВт соъат мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала