Беш аз 100 додраси оянда аз имтиҳони забони тоҷикӣ баҳои “3” гирифтанд

© Sputnik / Амир ИсаевБинои Додгоҳи олии ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои Додгоҳи олии ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои адлияи Тоҷикистон бо баргузории санҷиши ҳуқуқ ва забони тоҷикӣ барои ҳудудан 200 додраси коромӯз танҳо ба 49 нафари онҳо барои кор дар додгоҳҳои Тоҷикистон роҳхат дод.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Шӯрои адлияи Тоҷикистон бо баргузории санҷиши забони тоҷикӣ барои 200 додраси коромӯз танҳо ба 49 нафари онҳо барои кор дар додгоҳҳои Тоҷикистон роҳхат дод, менависад Радиои Озодӣ.

"Беш аз сад довталаби курсии додрасӣ аз имтиҳони забони тоҷикӣ, ки дар Шӯрои адлияи кишвар сурат пазируфт, баҳои "се" гирифтанд",- омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, довталабоне, ки ба имтиҳон роҳ наёфтанд ва ё дар нимароҳ аз санҷиш нагузаштанд, мегӯянд, ки ин шарт нисбати ҳама довталабҳо истифода нашуд. Даҳҳо довталаби дигар бинобар надоштани исми тоҷикӣ, ки яке аз шартҳои ширкат дар ин озмун будааст, ба сабқат роҳ наёфтанд.

Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон барканор шуд

Сарвари Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлия Солеҳ Завқизода ба хабарнигори Озодӣ гуфтааст, дар ҳоле, ки бартарӣ ба саводи ҳуқуқии донишҷӯён ва огаҳӣ аз Кодексу Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, донистани забони тоҷикӣ ҳам аз шартҳои аслии кор ёфтан дар додгоҳҳо маҳсуб мешавад.

"Барои санҷиши дониши забони тоҷикии довталабон аз ҳамаи онҳо диктант ё худ имлои хаттӣ гирифта шуд",- иброз доштааст вай.

Довталабе бо исми Сайдалӣ Занҷиров бошад, гуфт, ки ӯ тамоми ҳуҷҷатҳояшро барои ширкат дар озмун омода карда буд, вале дар охирин лаҳза бинобар надоштани насаби тоҷикӣ ҳуҷҷатҳояш пазируфта нашуд. Барои иваз кардани ном ба Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 18 навъи ҳуҷҷат пешниҳод кардан даркор аст.

Гуфтанист, додрасӣ дар Тоҷикистон як касби хеле муҳим ба шумор меравад ва барои то курсии додрасӣ расидан фармони вижаи райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон содир мешавад. Ҳамасола Шӯрои адлияи Тоҷикистон барои қабули додрасҳо озмун эълон мекунад ва онҳое, ки аз ин озмун мегузаранд, баъди як сол бо фармони президент додрас таъин мегарданд.   

Лентаи хабарҳо
0